Зани раис дар кӯча… Вокуниши мақомоти Истаравшан

Бинобар роҳ додан ба камбудӣ нисбат ба шахсони масъул муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд.

Дар шумораи №38 (аз 22 сентябри соли 2021)-и “Тоҷикистон” мақолаи рӯзноманигор Абдумудассир Аҳмадзода таҳти унвони “Зани раис дар кӯча, вақте ки модарро аз фарзанд ҷудо мекунанд” ба нашр расида буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба ин матлаб чунин вокуниш ирсол кард. 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мақолаи рӯзноманигор Абдумудассир Аҳмадзода таҳти унвони “Зани раис дар кӯча, вақте, ки модарро аз фарзанд ҷудо мекунанд”, ки дар рӯзномаи “Тоҷикистон” шумораи №38 аз 22 сентябри соли 2021 нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки баъзе аз ваҷҳҳои дар мақола дарҷёфта воқеӣ буда, баррасии масъалаи мазкур аз ҷониби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳр, махсусан, котиби масъул доир ба таъин намудани васӣ ба ноболиғ Сайфиева Фарида Олимовна ба камбудиҳо роҳ дода шуда, дар натиҷа аз тарафи раиси комиссия қарори нодуруст ба имзо расидааст. Яъне, бе муайян намудани мавқеи модар Хоҷаева Муборак Ҳайдаровна бо қарори раиси комиссия бародари ноболиғ Олимзода Озод Олимӣ васӣ таъин карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки қабл аз нашри мақола камбудӣ ошкор ва қарор доир ба таъйин намудани  Олимзода О. ба ҳайси васӣ ба ноболиғ Сайфиева Ф. бекор карда шуда, бо даъвати комиссияи ғайринавбатии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тарбияи ноболиғ ба модараш Хоҷаева М. вогузор гардидааст.

Ҳамзамон, бинобар роҳ додан ба камбудӣ нисбат ба шахсони масъул муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд.

Муроҷиати дигари Хоҷаева М. доир ба гирифтани мерос, яъне тақсимоти молу мулк, ки дар мақола зикр шудааст, салоҳияти мақомоти маҳаллӣ набуда, аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ мегардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.