Журналисте, ки «Ногуфтаҳо» – ро мегӯяд (видео)
Имрӯз, 14 октябр зодрӯзи журналисти шинохтаи тоҷик Орзу Исоев аст. Номбурда 14 октябри соли 1976 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, даврони кӯдакиву наврасиашро дар шаҳри Қӯрғонтеппа сипарӣ кардааст.
Зиндагии ӯ аз овони кӯдакӣ осон набуд. Дар чорсолагӣ падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд ва ҳар кадом зиндагии мустақили худро идома доданд.
Орзу Исоев соли 2003 факултети рӯзноманигории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти касбиаш ҳанӯз замони донишҷӯӣ оғоз шуд. Соли 2000 ба Телевизиони Хатлон аввал ҳамчун рассом ба кор пазируфта шуд ва баъдан фаъолияти худро ҳамчун муҳаррир идома дод.
Дар солҳои минбаъда Орзу Исоев дар телевизиони давлатии «Тоҷикистон», телевизиони «Сафина», киностудияи «Тоҷикфилм» ва радиои «Имрӯз» кор карда, бо барномаҳо, мусоҳибаҳо ва сабки хоси рӯзноманигории худ миёни аудитория шинохта шуд.
Пас аз канор рафтан аз телевизион ӯ фаъолияти эҷодиро қатъ накард. Имрӯз Орзу Исоев барномаи «Ногуфтаҳо»-ро дар YouTube пеш мебарад ва дар он бо чеҳраҳои гуногун суҳбатҳои ошкору тӯлонӣ анҷом медиҳад.
Орзу Исоев соли 2002 бо Маҳбуба Шарифова оиладор шудааст. Онҳо соҳиби се фарзанд – ду писар ва як духтар мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ