Зодагони Осиёи Марказӣ дар амалиёти Исроил дар Ғазза

Бино ба гузориши телевизиони “Al-Jazeera”, дар амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза ҳазорон хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Телевизиони мазкур рӯзи 15-уми феврал дар як гузориши таҳлилӣ гуфтааст, ки бахши зиёде аз ин сарбозони Артиши Исроил шаҳрвандии дугона доштаанд ва дар байни онҳо шаҳрвандони Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Украина, Русия ва кишварҳои дигар ҳастанд.

Бар асоси феҳрасти хориҷиёне, ки дар амалиёти Исроил дар Навори Ғазза ширкат кардаанд,

– 264 нафар аз Ӯзбекистон,

– 189 нафар аз Қазоқистон,

– 52 нафар аз Қирғизистон,

– 31 нафар аз Туркманистон ва

– 8 нафар аз Тоҷикистон будаанд.

Дар гузориш омадааст, ки дар миёни 264 шаҳрванди Ӯзбекистон намояндагони 5 миллат ҳастанд. Ҳарчанд дар гузориш аз кадом миллат будани онҳоро зикр накардаанд, вале муаллифон гуфтаанд, ки онҳо шаҳрвандии Исроилро ҳам доранд.

Гурӯҳи аз ҳама бузург, ё аз 12 то 13 ҳазор нафарро низомиёне ташкил медиҳанд, ки шаҳрвандии Амрикоро доранд. Шумораи шаҳрвандони Фаронса ва Русия низ қобили таваҷҷуҳ буда, аз 5 то 6 ҳазор нафар гуфта мешавад. Теъдоди шаҳрвандони Бритониё, Олмон ва Украина бештар аз 1000 нафар будааст.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки як бахши ин сарбозони хориҷӣ дар артиши Исроил ба таври доимӣ хидмат мекунанд ва бахши дигар пас аз шиддат гирифтани муноқиша дар Навори Ғазза ба Исроил омадаанд.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, борҳо ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат накунанд, зеро барои ширкат дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё ҷанг дар кишварҳои дигар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *