Зодрӯзи зан дарди сари ҳамсараш шуд (аудио)

Як ҷавони Душанбе барои ҷашни зодрӯзи ҳамсараш аз салют истифода бурда, оромии сокинонро халалдор намудааст. Мақомоти милитсияи пойтахт ӯ ва ҳаммаслаконашро боздошт кардаву ба ҳабс гирифтаанд.  

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 3 нафар ҷавон барои даст доштан дар истифодаи оташфаввора, яъне салют, ки садои баланду гушхароши он боиси халалдор гардидани оромии шаҳрвандон гардидааст, дастгир карда шуданд.

Муайян гардидааст, ки Бобоев Алишер Шокирович, санаи таваллудаш 12.11.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б.Ғафуров,  27-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади таҷлили зодрӯзи ҳамсараш дар саҳни бинои истиқоматии кӯчаи Б.Ғафуров 33/1-и ноҳияи Сино як адад оташфаввораи пуриқтидорро ба кор андохтааст. Дар натиҷаи оташафрӯзӣ маводи пиротехникиии оташфаввора  2 маротиба таркидааст. Ин ҳолат дар вақти шабона шаҳрвандонро ба таҳлука оварда, оромии ҷамъиятӣ ва тартиботи сокинони минтақаро халалдор намудааст. Нисбат ба Алишер Бобоев парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, ду нафар рафиқони номбурда шаҳрвандон, Саидов Шарофиддин Абдулҳамидович, санаи таваллудаш 21.01.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ва Диловари Саид санаи таваллудаш 06.02.1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи Гулбутта, ки барои дастраснамоии маводи пиратехникӣ ба ӯ кумак расонидаанд, дастгир карда шуданд.

Дар асоси қарори суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.