Қабули дархостҳо барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қабули дархостҳоро барои иштирок дар имтиҳони EPS TOPIK, аз 2 то 5 марти соли 2026 эълон кардааст.
Барои иштирок шаҳрвандоне, ки забони кореягиро тибқи системаи EPS TOPIK медонанд, иҷозат дода мешаванд.
Синни иштирокдорон бояд аз 18 то 39 сола – санаи таваллуд аз 3 марти 1986 то 2 марти 2008 бошад.
Шартҳои ҳатмӣ инҳоянд: надоштани доғи судӣ, надоштани ихроҷ аз Кореяи Ҷанубӣ ва надоштани бемориҳои сироятӣ.
Пардохт барои иштирок дар имтиҳон 330 сомониро ташкил медиҳад.
Барои сабти ном зарур аст, ки рақами телефон, нусхаи электронии шиносномаи хориҷӣ ва акси рангаи андозаи 3,5×4,5 сантиметр бо заминаи сафед пешниҳод карда шавад.
Сабти ном дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 80 сурат мегирад.
Рақамҳо барои тамос: 221-39-83, 221-39-67.
📱WhatsApp ва 📱Telegram: 930934994.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ