Қаллобии рақамӣ.Чаро мардум ба дом меафтанд?
Дар даҳсолаи охир рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тарзи зиндагии ҷомеаро куллан тағйир дод. Имрӯз пардохти хизматрасониҳо, интиқоли маблағ, гирифтани қарз ва ҳатто сармоягузорӣ тавассути телефон анҷом дода мешавад. Аммо,бо чунин пешрафт, шакли нави ҷинояткорӣ, яъне қаллобии рақамӣ низ зиёд шудааст. Қаллобон дигар танҳо бо зангҳои телефонӣ маҳдуд намешаванд. Онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо, сомонаҳои сохта ва ҳатто барномаҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Ҳадаф як аст – ба даст овардани маълумоти махфии шаҳрвандон ва тасарруфи маблағ.
Фейк ҳамчун абзори асосии фиреб
Яке аз шаклҳои маъмултарини қаллобӣ паҳн намудани эълонҳо ва видеоҳои бардурӯғ мебошад. Дар чунин роликҳо аз номи бонкҳо, шахсони мансабдор ё ширкатҳои маъруф пешниҳодҳои «сармоягузории кафолатнок» ё «кумакпулӣ» эълон карда мешаванд.

Мутахассиси соҳаи IT Шодрӯз Амондиллоев мегӯяд, қаллобон бештар кӯшиш мекунанд шаҳрвандро водор созанд, ки ба пайванд ворид шуда, маълумоти худро ворид намояд. Ҳадафи асосӣ гирифтани маълумоти корти бонкӣ ва рақами телефон аст. Ба гуфтаи ӯ, аксари чунин сомонаҳо танҳо нусхаи зоҳирии саҳифаҳои расмиро доранд, аммо сервер ва сохтори онҳо ба гурӯҳҳои қаллоб тааллуқ дорад.
«Қаллобон метавонанд ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили кишвар фаъолият намоянд. Аксаран онҳо аз номи ширкатҳои дорои эътибор ё афроди шинохта истифода мебаранд, то сатҳи эътимоди мардумро боло баранд»,- изҳор дошт Шодрӯз Амондиллоев.
Бо назардошти ин ҳолат, бонкҳо ва ширкатҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ роликҳои огоҳкунанда пахш мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки пеш аз қабул кардани ҳар гуна пешниҳоди молиявӣ, беҳтар аст ба маркази тамоси расмии бонк занг зада, дурустии онро санҷед.
Фишинг ва мавқеи мақомоти расмӣ
Фишинг яке аз усулҳои паҳншудаи қаллобии рақамӣ мебошад. Фишинг термини интернетӣ буда, ҳадафи он ҷамъ овардани маълумоти молиявии шахсӣ аст. Масалан, паёмак меояд: «Ба ин пайванд дароед ва бурди худро гиред» ё «Барои тахфифи 90% инҷо клик кунед», «Қарз тасдиқ шуд», «Бурд гирифтед»… Дар асл, чунин пайвандҳо шуморо ба сомонаҳои сохта мебаранд. Пас аз ворид кардани маълумот, аз ҷумла рақами корт, муҳлати амал ва рамзи якдафъаина, қаллобон маблағро аз суратҳисоб мегиранд.
Бинобар ин, пайваста Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандонро аз афзоиши қаллобии интернетӣ ҳушдор медиҳанд. Ба иттилои мақомоти дахлдор, сабаби асосии аксари ҳолатҳо беэҳтиётии худи мизоҷон мебошад.
«Кормандони ташкилотҳои қарзӣ ҳеҷ гоҳ CVV, PIN ё рамзи якдафъаинаро талаб намекунанд. Агар чунин дархост шавад, ин нишонаи қаллобист»,- таъкид мекунанд масъулони соҳа.
Инчунин, мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бонкҳои расмӣ барои додани қарз пешпардохт талаб намекунанд. Агар аз шаҳрванд маблағ талаб шавад, ин эҳтимол фиреб аст.
6 қоидаи муҳим барои ҳифзи худ
Таҳлил нишон медиҳад, ки қаллобон бештар аз се омил истифода мебаранд: тарс, шитобкорӣ ва ҳаваси фоидаи зуд. Ибораҳое чун «Фавран!», «Танҳо имрӯз!» ё «Ҷои шумо охирин аст!» қобилияти таҳлили мантиқиро коҳиш медиҳанд. Илова бар ин, истифодаи номи чеҳраҳои маъруф ё логотипи ширкатҳои брендӣ сатҳи эътимоди шаҳрвандонро боло мебарад.
Мутахассисони соҳа барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо риояи қоидаҳои зеринро муҳим медонанд:
Якум, маълумоти махфиро ба касе надиҳед.
Дуюм, барномаҳоро танҳо аз манбаъҳои расмӣ истифода намоед.
Сеюм, хизматрасонии SMS-огоҳиро фаъол нигоҳ доред.
Чорум, амалиёти молиявиро мунтазам тафтиш кунед.
Панҷум, пароли мустаҳкам ва қулфи экранро истифода баред.
Шашум, ҳама гуна барномаҳоро танҳо аз App Store ё Play Market боргирӣ намоед.

Бино ба тавсияи мутахассисон, бисёре аз барномаҳои фиреб ё фейк метавонанд маълумоти шахсиро дуздида, телефонро вируснок созанд. Пеш аз насб кардан, ҳатман аз дӯстон ё шахсони боэътимод дар бораи барнома маълумот пурсед.
Қаллобон бо истифода аз пайвандҳои “ссилка”-ҳои шубҳанок кӯшиш мекунанд ба сомонаҳои сохтаашон шуморо ворид намоянд. Аксаран чунин пайвандҳо бо “http” оғоз мешаванд, на бо “https”. Ин нишонаи набудани амният аст. Ҳамчунин, пайвандҳое, ки рамзҳои нофаҳмо доранд ё тахфиф ва бурдҳои аз ҳад зиёд ваъда мекунанд, хатарноканд.
«Фарҳанги молиявии аҳолӣ бояд баланд бардошта шавад. Ҳушёрӣ беҳтарин сипари муҳофизат аст»,- мегӯяд мутахассиси бонк Шуҳрат Холиқов.
Агар ба дом афтодед…
Дар сурати ба доми қаллобон афтодан, бояд фавран кортро масдуд карда, ба маркази тамоси бонк муроҷиат намоед. Ҳамчунин, телефонро аз вирус санҷидан зарур аст. Дар баъзе ҳолатҳо, агар муроҷиат сари вақт сурат гирад, имкони бозгардонидани маблағ вуҷуд дорад.
Ҳамин тавр, қаллобии рақамӣ танҳо мушкили техникӣ нест, балки фарҳанги дуруст аз истифодаи технология мебошад. То замоне, ки корбарон маълумоти махфиро бе санҷиш пешниҳод мекунанд, хатари дуздӣ боқӣ мемонад. Ҳушёрӣ, санҷиши чандкарата ва истифодаи манбаъҳои расмӣ метавонанд моро аз зиёни молиявӣ эмин нигоҳ доранд. Аз ин лиҳоз, амният ва маърифати молиявӣ пеш аз ҳама аз худи ҳар яки мо вобаста аст.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ