Қатъи муваққатии барқ дар Душанбе

Пагоҳ 6-уми январ дар яке аз ноҳияҳои пойтахт бинобар корҳои тармимӣ дар зеристгоҳҳои барқӣ аз соати 08:00 то 17:00 қатъи барқ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора Шабакаҳои барқи пойтахт хабар медиҳанд.

Тибқи иттилоъманбаъ, сокинони кӯчаҳои Н. Махсум, С. Шерозӣ, Маяковский, Шамсӣ, Лучоби Боло ва маҳаллаи Тойқара дар ноҳияи Сино метавонанд муваққатан бебарқ монанд.

Масъулон таъкид мекунанд, ки дар ҳолати пеш аз муҳлат анҷом ёфтани корҳои тармимӣ, барқрасонӣ барвақттар барқарор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *