Сармураббии “Манчестер Юнайтед” аз вазифа озод шуд

Клуби англисии “Манчестер Юнайтед” тасмим гирифт, ки бо мураббии португалиягии 40-солааш Рубен Аморим ҷудо шавад. Ин маълумотро рӯзноманигорони шинохтаи варзишӣ Фабритсио Романо ва Дэвид Орнштейн эълон доштанд.

Романо гуфт, ки раҳбарияти “Манчестер Юнайтед” рӯзҳои наздик қарори расмиро дар бораи барканории Аморим пешниҳод мекунад.  Мутобиқи хабари Орнштейн, то интихоби сармураббии доимӣ, дастаи аслиро ба таври муваққатӣ Даррен Флетчер — бозигари пешини худи клуб — роҳбарӣ хоҳад кард.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Аморим дар моҳи ноябри соли гузашта ба “Манчестер Юнайтед” омада буд. Пеш аз ин вай дастаи португалии “Спортинг” Лиссабонро ба ғалаба дар чемпионати кишвар расонида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *