Ҳабси ду гӯштфурӯш барои боло бурдани нарх дар арафаи Рамазон
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду фурӯшандаро барои гарон кардани нархи гӯшт дар арафаи моҳи Рамазон давоми 4 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми феврал хабар дода, аз маҳкумшудаҳо Абдулазиз Абдуллаев ва Фирӯзҷони Маҳмадулло ном бурдааст.
Ба гуфтаи манбаъ, онҳо дар фурӯшгоҳи “Мағозаи гӯшт”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино “бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ аз ниёзмандии шаҳрвандон истифода бурда, нархи гӯштро беасос баланд кардаанд”.
Мақомоти милитсияи Душанбе қаблан аз тоҷирону соҳибкорон хост, ки дар моҳи Рамазон “инсофро пеша карда”, нархи маҳсулотро ба таври маснуӣ гарон накунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ