Қариб 1,8 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омаданд
Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазору 454 сайёҳ омадаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 27,5 фоиз ё 384 ҳазору 299 нафар бештар мебошанд.
Дар ин бора Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Аз шумораи умумии сайёҳон 1 миллиону 634 ҳазору 500 нафар аз кишварҳои узви ИДМ ва 149 ҳазору 900 нафар аз давлатҳои хориҷии дур мебошанд.
Тибқи омор, бештари сайёҳон аз кишварҳои зерин ба Тоҷикистон омадаанд:
- Ӯзбекистон – 1 046 672 нафар;
- Русия – 396 475 нафар;
- Қирғизистон – 137 530 нафар;
- Қазоқистон – 37 288 нафар;
- Чин – 33 178 нафар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ