Қурбониёни низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон (ном ба ном)

То ҳол исми 60 қурбониёни муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 14 то 17 сентбяр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ баромад.

  1. Шӯҳрат Наҷмиддинзода, зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, соли 1989 ба дунё омадааст.  Корманди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Ворух.  

2. Сафаралӣ Ҳасан, 23-сола аз ноҳияи Восеъ.

3. Нусратулло Фатҳулло, 25-сола, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кушониён. Падари ду фарзанд ва ҳамсараш интизори тифли саввум. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)

4. Олимназар Холиқназаров, зодаи Бадахшон, падари як фарзанд. Подполковник.

5. Хирадманд Усмонзода, зодаи ноҳияи Айнӣ, деҳаи Вашан. 28 сола, соҳиби як фарзанд.

6. Ғолиб Абдунабиев, майёр, афсари Кумитаи амнияти миллӣ. Сокини деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ, шаҳри Панҷакент.  

7. Шӯҳрат Тағоймуродов, 24-сола. Сокини деҳаи Сотсиализми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

8. Назрулло Олимов, 20-сола, ноҳияи Вахши вилояти Хатлон.

9. Салоҳиддин Муъминов, 22-сола аз ноҳияи Вахш.

10. Шӯҳрат Абдулҳаев, сокини Хатлон.

11. Саидмуъмин Абдуллоев, зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, ронандаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ.

  12. Ҳодибой Султонов, лейтенанти калони милитсия, корманди Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара.

13. Фирдавс Худойбердиев 20-сола, зодаи шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон.

14.  Раҳматшоҳи Шамсизод, 22-сола, аз деҳаи Меҳробод (Қурбоншаҳид)-и ноҳияи Восеъ.

15. Саврон Худойбердиев, хатмкардаи Донишкадаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.

16. Содирбек Неъматзода, 25-сола, сокини деҳаи Истошони ҷамоати Лангари ноҳияи Мастчоҳ. Соҳиби як фарзанд.

 17. Нурмуҳаммад (Атоев) Холзода, 22-сола. Зодаи деҳаи Ҳадишаҳр, ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ. Афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Конибодом. Оиладор соҳиби ду фарзанд.

 18. Аловиддин Мирзоев, 36-сола, афсар. Сокини деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ. Падари се фарзанд.

 19. Мансурҷон Қаюмов, зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, лейтенант.

20. Шералӣ Раҳимзода, афсари нерӯҳои марзбонӣ. Зодаи деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз.

21. Бахтовар Мирзоев, 25-сола. Сокини ҷамоати деҳоти “Гулистон” и ноҳияи Левакант.

 22. Муҳаммад, сокини шаҳраки Бахти ноҳияи Зафаробод.  

23. Шамсулло Ҳайдаров, 42-сола. Сокини деҳаи Тоҷикистон-2, ноҳияи Фархор.  

24. Меҳриддин Миралиев, аз деҳаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод. 39-сола ва афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

25. Убайдулло Ибодулло, аз шаҳри Леваканти вилояти Хатлон.

26. Неъматуллои Раҳматулло, афсар аз маҳаллаи Энергетикаи шаҳри Норак.

27. Сабриддин Ҷумъаев, афсари нерӯҳои марзбонӣ. Зодаи деҳаи Қазноқ, ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт.

28. Саидҷалол Расулзода, афсар, ноҳияи Восеъ.

29. Фатҳиддин Ҷаъфарзода, сокини шаҳри Ваҳдат.

30. Сорбон Худойбердизода, 22-сола. Зодаи деҳаи Хишевакт, ҷамоати Ростровути ноҳияи Деваштич. Афсари КДАМ.

31. Абдураҳмон Нуров, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

32. Муҳаммадҷон Пиров, 29-уми апрели соли 1988 таваллуд шудааст. Оиладор соҳиби 3 фарзанд буд. Аз деҳаи Правдаи ҷамоати Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.  

33. Ҷамшед Набиев, сокини маҳаллаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат. Соҳиби ду фарзанд.

34. Ибодулло Рӯзиев, 20-сола. Сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

35. Некрӯз Исломов, 19-сола аз ноҳияи Хуросон.

36. Аслан Менеқулов, 19-сола, сарбоз, шаҳри Бохтар.  

 37. Набиҷон Аҳмедов, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 38. Аҳрор Неъматов, мудири мактаби ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 39. Солеҳҷон Раҳимов, пизишки 45-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 40. Насриддин Ҳайдаров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 41. Ғуломҷон Акбаров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 42. Абдусалом Абдушукуров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 43. Абдувосит Сатторов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 44. Муҳаммадҷон Болтуев, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 45. Қирғизбой Қирғизбоев, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 46. Умедҷон Султонов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

47.  Каромат Зуҳурова (Сатторова), пизишк, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 48. Абдувоҳиди Абдуқаюм, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача, корманди Сарраёсати молияи вилояти Суғд

 49. Муродҷон Юсуфов, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара

 50. Мунаввархон Маҳмудова, 62-сола, сокини ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара

 51. Муҳайёхон Файёзова, 53-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара

 52. Дилноза Баҳромзода, 29-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара

 53. Садоқат Уктамзода, 25-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара

 54. Асмоа Амриддинзода, 6-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара

 55. Имрон Илҳомзода, 5-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара

56. Баҳром Ҳакимови 51-сола, муаллим, деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара

 57. Камолиддин Ашӯров, пизишк, навбатдори “Ёрии таъҷилӣ”, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара

 58. Ҳасанбой Валиев, ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара

59. Бишарифа Воҳидова, 8 сола, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

60. Зайниддин Холбоев, 20 — сола, сокини деҳаи Зарбдори ноҳияи Панҷ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.