Ҳуҷҷати ронандагии тоҷикиро бо ҳуҷҷати ронандагии Россия чӣ тавр иваз мекунанд?

Фирӯза Сатторӣ 

 Ҳуҷҷати ронандагии тоҷикиро бо ҳуҷҷати ронандагии Россия чӣ тавр иваз мекунанд?

  1. Оё иваз кардани ҳуҷҷати ронандагӣ зарур аст?
  2. Кадом ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дар Россия ба кор намераванд?
  3. Бо “Права”-и тоҷикӣ таксӣ ронда мешавад?
  4. Роҳҳои иваз намудани ҳуҷҷати ронандагӣ.
  5. Барои иваз намудани “Права” ба куҷо бояд муроҷиат кард?
  6. Барои иваз кардани “Права” кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
  7. Имтиҳон аз кадом категория супурда мешавад?
  8. Нархи ҳуҷҷати ронандагии Россия чанд аст?
  9. Рақами телефон ва суроғаи идораҳои марбута барои иваз намудани ҳуҷҷати ронандагӣ

Оё иваз кардани ҳуҷҷати ронандагӣ зарур аст?

Ронандагӣ касби нисбатан хатарнок бошад ҳам, чандон кори вазнин нест ва нисбати дигар пешаҳо даромади хуб ҳам дорад, аз ҳамин сабаб қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик маҳз бо умеди ба сифати таксист ё ронандаи автобус кор кардан роҳи Русияро пеш мегиранд, вале кор ёфтан дар Русия бо “Права”-и тоҷикӣ-ҳуҷҷати ронандагие, ки шумо дар Тоҷикистон гирифтаед, ғайри имкон аст.

Солҳои қаблӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо ҳуҷҷатҳои ронандагии худ, ки Тоҷикистон додааст, метавонистанд бидуни мамоният дар Русия ба сифати ронанда кор кунанд, вале шурӯъ аз соли 2017 бо ҳуҷҷатҳои ронандагии бегона дар нақлиётӣ ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар автобус ва таксӣ ба мусофиркашонӣ машғул шудани ронандагони хориҷӣ манъ карда шуд.

Дар асоси Қонуни Федералии Россия таҳти № 92 аз 1-июли соли 2017 “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” ба ронандагони хориҷӣ танҳо дар ҳолати доштани ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Россия барои машғул шудан ба мусофиркашонӣ иҷозат дода мешавад.

Кадом ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дар Россия ба кор намераванд?

Дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳуҷҷатҳои ронандагии зерин барои машғул шудан ба мусофиркашонӣ ба кор намераванд:

  1. Тамоми намудҳои ҳуҷҷати ронандагӣ, ки берун аз қаламрави Федератсияи Россия дода шудаанд.
  2. Ҳуҷҷатҳои ронандагие, ки замони СССР гирифта шудаанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ронандагии шаҳрвандони РСФСР, агар шаҳре, ки ҳуҷҷатро аз он ҷо гирифтаанд, айни замон ба ҳайати Федератсияи Россия шомил набошад.
  3. Тамоми ҳуҷҷатҳои ронандагие, ки дар базаи ягонаи ГИБДД вуҷуд надоранд.
  4. Ҳуҷҷатҳои ронандагии намунаи байналмиллалӣ.

Тамоми ронандагоне, ки ҳуҷҷати ронандагиашон ба рӯйхати дар боло зикршуда мутаалиқ аст, бояд ҳатман ҳуҷҷати ронандагии худро бо ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Россия иваз намоянд.

Бо “Права”-и тоҷикӣ таксӣ ронда мешавад?

Бархе бар он андешаанд, ки дар ширкатҳои давлатӣ бо ҳуҷҷати ронандагии тоҷикӣ кор карда натавонанд ҳам, ҳамчун таксист фаълият намуда, ризқу рӯзии худро ёфта метавонанд, вале ин ақида комилан ғалат аст. Гап дар сари он аст, ки инспексияи давлатии автомобилии Россия тамоми ширкатҳои давлатӣ ва хусусиеро, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, вазифадор намудааст, ки ба сифати ронанда ба кор гирифтани шаҳрвандони хориҷиеро, ки ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Россияро надоранд, комилан қатъ намояд. Барои вайрон кардани ин қоида ҷавобгарӣ ва ҷаримаи калон муқаррар гашта, ягон ширкат барои як муҳоҷир шуда, худро зери хатар намегузорад. Нияти дар Русия ба сифати таксист ё ронандаи автобус ва дигар намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ кор карданро дошта бошед, шумо бояд ҳуҷҷати ронандагиатонро бо ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Россия ҳатман иваз намоед.

Роҳҳои иваз кардани ҳуҷҷати ронандагӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо 2 роҳ соҳиби ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Россия гарданд.

  1. Шахсоне, ки шаҳрвандии Россияро надоранд, тибқи қонун ҳуқуқ доранд, ки дар қатори шаҳрвандони Федератсияи Россия дар мактабҳои ронандагӣ таҳсил намуда, баъди супурдани имтиҳоноти зарурӣ соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гарданд.
  2. Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ҳуҷҷати ронандагии худро бидуни таҳсил дар мактабҳои махсуси ронандагӣ бо ҳуҷҷати ронандагии Россия иваз намоянд, вале барои ин шумо бояд имтиҳон супоред.

Барои иваз намудани “Права” ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Агар ҳуҷҷати ронандагиатон ба талаботҳои шартномаҳои байналмиллалие, ки Федератсияи Россия эътироф намудааст, аз ҷумла Конвенсияи Вена доир ба ҳаракат дар роҳ (Тоҷикистон узви ин Конвенсия мебошад) ҷавобгӯй бошад, шумо метавонед бидуни таҳсил дар мактаби махсуси ронандагӣ дар ГИБДД имтиҳон супурда, ҳуҷҷати ронандагии худро бо ҳуҷҷати ронандагии Россия иваз намоед.

Барои иваз кардани “Права” кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои иваз кардани “Права”-и тоҷикӣ бо ҳуҷҷати ронандагии Россия ҳуҷҷатҳои зеринро ба шӯъбаҳои ГБДД пешниҳод кардан лозим аст:

  1. Шиноснома бо нусхаи тарҷумаи русии тариқи нотариалӣ тасдиқшудааш.
  2. Ҳуҷҷати ронандагии шумо бо нусхаи тарҷумаи русиаш.
  3. Иҷозатномаи муввақатии зист (РВП) ё қайди он дар шиноснома.
  4. Маълумотномаи тиббӣ доир ба гузаштан аз комиссияи тиббӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тиббии Россия дода шудааст.
  5. Расиди пардохти боҷи давлатӣ.
  6. 2 дона расми андозаи 3х4 см.

Пас аз супурдани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар рӯзи муайян имтиҳон месупоред ва дар сурати аз имтиҳон бо муввафақият гузаштан ҳуҷҷати ронандагиатон бо ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Рссия иваз карда мешавад.

Имтиҳонро аз рӯйи кадом категория мегиранд?

Дар ҳуҷҷати ронандагии шумо категорияи В (мошинҳои сабукрав) сабт шуда бошад, пас имтиҳонро низ аз рӯйи ҳамин категория месупоред, вале якчанд категория дошта бошед, бояд ба саволҳои марбут ба тамоми категорияҳо ҷавоб гуфта тавонед. Дар ин ҳол, дар сурати гузаштан аз имтиҳон тамоми категорияҳои доштаатон дар ҳуҷҷати ронандагии русиатон низ дарҷ карда мешаванд.

Пас аз гирифтани ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Россия ҳуҷҷати ронандагие, ки шумо дар Ватан гирифта будед, дубора баргардонида мешавад, вале собиқаи кориатон аз ҳамон рӯзе ҳисоб карда мешавад, ки соҳиби ҳуҷҷати ронандагии русӣ гаштед.

Нархи ҳуҷҷати ронандагии Россия чанд аст?

Аслан барои иваз намудани “Права”-и тоҷикӣ бо ҳуҷҷати ронандагии Россия тақрибан 2-5 ҳазор рубли русӣ сарф мешавад, вале дар 90%-и ҳолатҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз имтиҳони ГИБД гузашта наметавонанд. Миёнаравҳое ҳастанд, ки аз фурсат истифода бурда, бо ваъдаи будини имтиҳон гирифта додани ҳуҷҷати ронандагӣ, яъне “Права”-и русӣ аз ронандагони мусофир аз 100 ҳазор то 200 ҳазор рубли русӣ меситонанд. Мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо миёнаравҳо аз ӯҳдаи иҷро кардани ваъдаи худ намебароянд ва ронандагони муҳоҷирро ба қавле “кидат” карда, баъди гирифтани пули калон якбора ғайб мезананд, бинобар ин, маслиҳати мо ба шумо ҳамин аст, ки ба умеди чунин қаллобон нашавед. Ба ҷойи пули калон дода, баъдан моҳҳои дароз аз паси чунин мардумфиребон давидан беҳтараш ақаллан як моҳ аз сидқи дил қоидаҳои ҳаракат дар роҳро хонед. Боварӣ дорем, ки дар ин муддат шумо ҳатман қоидаҳои ҳаракати роҳро аз худ намуда, бо сари баланд мустақилона имтиҳонро месупоред ва соҳиби ҳуҷҷати ронандагии Россия мегардед.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шумо метавонед муроҷиат намоед:

Барои гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи тартиби иваз намудани ҳуҷҷати ронандагӣ ё иваз кардани худи ҳуҷҷати ронандагӣ дар РФ шумо метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

1.Госавтоинспекция МВД Россия.

Суроға: ш. Маскав, хиёбони Цветной Бульвар, кӯчаи Садовая – Самотечная 1

Телефонҳо барои тамос: (495) 624-31-17 ва (495) 623-49-09.

  1. Сомонаи расмии ГИБДД Россия:

https://гибдд.рф/folder/336

  • Телефонҳо барои тамос: 8 (800) 100-70-10
  • Рақами кӯтоҳ: 115 (занг танҳо аз телефонҳои мобилӣ имконпазир аст.
11111
машварати хуқуқи

Ба ин суроғаи электронӣ ворид гашта, шумо метавонед бо пур кардани формаи махсус дар бораи тартиби иваз намудани ҳуҷҷати ронандагӣ саволҳои худро гузоред ва аз ҳуқуқшиноси ин соҳа маслиҳатҳои ройгон бигиред.

Ба автоюрист тариқи телефони зерин занг задан мумкин аст:  

  • 8 (495) 542-11-03 (Барои шахсоне, ки дар Маскав ё Вилояти Маскав қарор доранд, занг ройгон аст)
3_1.[2]

Подробнее тдж: https://oila.tj/news/uati-ronandagii-toikiro-bo-uati-ronandagii-rossiya-ch-tavr-ivaz-mekunand

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.