Тақдими 100 адад аробачаи маъюбӣ ба эҳтиёҷмандон дар Хуҷанд

Дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани 100 адад аробачаҳои маъюбӣ, либос, маводи хўрокаи ниёзи аввал баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросими мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок кардаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид кардааст, ки “ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина пайваста кумакҳо ирсол ва дастрас карда мешаванд. Ин қишри ҷомеа ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис намекунанд”.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баромади худ зикр намудааст, ки дар Тоҷикистон барои шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки ҳамасола ба оилаҳои камбизоат, осебпазир, маъюбон аз буҷети мамлакат беш аз 116 миллион сомонӣ ҷудо, аз ҷумла 30,9 миллион сомони кумакпулиҳо ба маъюбон дода мешавад.

— Ба зиёда аз 100 нафар маъюбони шаҳру навоҳии вилоят аробачаҳои маъюбӣ, маводи хўрока ва сарулибос тақдим карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *