Сардори нави Раёсати маорифи шаҳри Исфара таъин шуд. Маруфзода кист?

Дар толори маҷлисгоҳи Мактаби байналмилалии «Академияи Контакт Интернейшнл» бо ширкати раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд М. Набизода, директорони муассисаҳои таълимӣ ва сарварони кӯдакистонҳо муаррифии сардори нави Раёсати маорифи шаҳр доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара, мутобиқ ба пешниҳоди раиси шаҳр ва розигии вазири маориф Маруфзода Мансурхоҷа сардори Раёсати маорифи Исфара таъин шуд.

Мансурхоҷа Маруфзода

Мансурхоҷа Маруфзода дастпарвари Филилали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, онҳоро бо ихтисосҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва омӯзгор ба итмом расонидааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда дар соҳаҳои гуногун фаъолият бурда, солҳои 2014-2016 директории МТМУ №2-и шаҳри Исфараро бар уҳда дошт. Солҳои 2016-2018 бошад, ҳамчун мушовири Раёсати маориф фаъолият кард. Аз моҳи марти соли 2018 то сардори Раёсати маорифи Исфара таъин шудан вазифаи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияро бар уҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *