Қурбон Ҳакимзода

Ҷаримаи беш аз 350 нафар дар Хатлон. Маълумоти хато пешниҳод кардаанд

Дар соли 2022-юм 357 шахсони масъул ва мутасаддии ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон барои сари вақт пешниҳод накардан ва бо хатоӣ пешниҳод кардани маълумот ҷарима карда шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷаримаи чунин ашхос дар соли 2021-ум 308 нафарро ташкил мекард.

Дар ин бора Қурбон Ҳакимзода — сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, ҷарима барои пешниҳоди ҳисоботи хато ва саривақт пешниҳод накардани маълумот беш аз 145  ҳазор сомониро ташкил мекунад. Ҷарима дар соли 2021-ум 118 ҳазор сомониро ташкил мекардааст.

— Мақсади мо зиёд кардани ҷарима бастан нест. Мо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Мо мохеҳем ҳисобот сари вақт ва бехато пешниҳод шавад,- афзуд ӯ.

Қурбон Ҳакимзода аз ягон нафар шахси мансабдор ва масъулони ташкилоту идораҳои ҷаримашуда мушаххасан ном набурд. Чун солҳои қаблӣ бо гуфтани “агар ин маълумот лозим бошад, баъди нишасти матбуотӣ ба шумо пешниҳод мекунем”, аз посухи пурра ва мушаххас ба суоли рӯзноманигорон халос шуд. Ва бо ҳамин баъди нишати матбуотӣ маълумот пешниҳод карда нашуд.

Ба таъкиди вай, аз ҳама бештар аз ноҳияи Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маълумоти хато ва дар вақти муайянашуда равон накарда бештар аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *