Ҳаҷ: Саудӣ шарт мегузорад. Зоирони тоҷик ба иҷрои он қодиранд?

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки аз ин ба баъд дархости ҳоҷиёнро барои адои маросими њаҷи умра қабул мекунад ба шарте, ки зоирон қабл аз маросими њаҷ ду давра ваксина гирифта бошанд. Дар ин бора хабаргузории “Ал-Олам» хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин кишвар дар асоси дастурамали Вазорати беҳдошти Арабистон ва ба хотири ҳифзи саломатии зоирин шартҳои нав пиёда намудааст.

Ба ҳамин минвол Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистон эълон намудааст, ки иҷозати зиёрати хонаи Худо танҳо ба нафароне дода мешавад, ки ду вояи ваксинаи мавриди эътирофи ин кишварро дошта бошанд.

Зикр гардидааст, зоироне, ки иҷозатномаи адои маносики умра, намоз ё зиёратро дарёфт намудаанд ва аммо ду воя ваксина нагирифтаанд, барои лағв нашудани сафарашон бояд вояи дувумро то 48 соат пеш аз сафар бигиранд.

Мавриди ёдоварист, ки се ваксинае, ки дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон гузаронда шуд аз ҷониби Арабистони Саудӣ эътироф шудааст. Яъне зоирони тоҷик баъд аз қабули ду воя ваксина метавонанд њаҷи умраро адо кунанд.

Бар асоси гузориши “Ал Олам” Арабистон рӯзе 60 ҳазор ва моҳе тақрибан 2 миллион зиёраткунандаро қабул мекунад.

Ба далели авҷи бемории коронавирус Арабистон аз қабули зоирони 33 кишвари ҷаҳон барои адои маносики ҳаҷҷи умра худдорӣ карда буд.  Аз ҷумла тайи ду соли охир зоирони тоҷик имкон надоштанд, ки маросими њаҷро, ки яке аз панҷ рукни дини Ислом аст ва риояааш барои ҳар фарди мусалмоне, ки тавоноӣ дорад, фарз мебошад, ба ҷо оранд. Чун мусалмонон њаҷи умраро дар ҳар вақти барояшон муносиб анҷом дода метавонанд, феълан имкон доранд, маросими ҳаҷро ба ҷо оранд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *