Аз чоҳ як кӯзаи тилло ёфт

Сирри худ бо ёри худ ҳарчанд битвонӣ, магӯй, Ёрро ёре бувад, аз ёри ёр андеша кун.

РОЗИ ЗАНҲО

Гӯянд, марде ҳангоми кофтани чоҳ кӯзаи пурзар ёфт ва хурсандиаш бекарон буд. Хост ба манзилаш омада, ба занаш хабар диҳад. Ба ёдаш омад, ки занҳо розеро ҳифз карда наметавонанд. Агар онро ба ӯ гуяд, сирраш фош мешавад ва малик кӯзаро аз вай мегирад.

Ба хулосае  омад, ки қабл аз маълум кардан ӯро бисанҷад. Он шаб хобид ва дар ҷойхобаш тухме гузошт. Субҳдам занашро бедор карда, гуфт:

-Ман мехоҳам рози ниҳоят махфиро ба ту бигӯям ва шарташ он аст, ки касеро хабар надиҳӣ. Оё ин розро пинҳон дошта метавонӣ?

Зан гуфт:

-Чиро натавонам?

Мард гуфт:

-Ҳар шаб воқиаи аҷибе ба ман рӯй медиҳад ва субҳ бармехезам, ки тухме гузоштаам. Инак он тухм. Ин розро аз ту пинҳон медоштам ва метарсидам, ки мабодо ба касе онро ифшо созӣ. Чун донистам, ки ба асрори ман мутмаинӣ, бинобар ба ту гуфтам. Мабодо ба касе онро гӯӣ.

Зан гуфт:

-Мутмаин бош, ба касе ҳаргиз нагӯям.

Чун шавҳараш аз паси кори худ рафт, зан гаронии ин хабарро эҳсос кард. Чанде дар ҳавлӣ гаштугузор карда, ҳамсоязанро наздаш даъват карда гуфт:

-Хоҳар, оё ту сирри махфиро нигоҳ дошта метавонӣ?

Ҳамсоязан низ ваъда дод, чуноне ки ӯ ба шавҳараш.

Гуфт:

-Шавҳарам, ҳар шаб ду тухм мегузорад. Инро ба чашми худам дидам ва ба тааҷҷуб афтодам. Шавҳарам гуфт, ки ин розро зинҳор ба касе нагӯям. Аз  ту хоҳиш мекунам, ки инро ба касе хабар мадеҳ.

Ҳамсоязан гуфт:

-Натарс, ин розро ман ҳифз мекунам, чунон ки худ ҳифз намудӣ.

Чун ҳамсоязан аз ӯ дур шуд ва назди ҳамсояи дигараш рафта гуфт, ки шавҳари ҳамсояаш ҳар шаб даҳ тухм мегузорад. Ин хабарро занаш ҳамин субҳ ба ӯ гуфтааст.

Аз ту илтимос мекунам, ки ин сирро пинҳон дор ва ба касе нагӯй. Ҳамсоязан ваъда дод, ки ин сир дар байни худашон боқӣ мемонад.

Чун бо ҳам хайрухуш карданд, он зан либосҳояшро ба бар карда ба хонаи ҳамсояи дигар рафт ва аз ин хабар огоҳ кард. Вале шумораи тухмҳоро ба бист расонд.

Ҳамин гуна ин хабар ба занҳои дигар интиқол ёфта адади тухмҳо меафзуд. Ҳанӯз офтоб нағурубида, адади тухмҳо ба сад расид ва аз ин ҳоким хабар ёфт. Ходимонаш он мардро наздаш оварданд.

Ҳоким гуфт:

-Эй мард, ба ман хабар расид, ки ҳар шаб ту сад тухм мегузорӣ?

Мард гуфт:

-Ҳоким, оё бовар мекунед, ки ҳеҷ яке аз банӣ Одам чун мурғ тухм гузорад? Вале ин ҷо рози азимест. Агар ба ман амон диҳед, онро ба шумо мегӯям.

Ҳоким гуфт:

-Ба ту амон додам, бигӯй.

Мард дар бораи аз чоҳ ёфтани кӯзаи пурзар ва барои озмоиши занаш, ки оё сирро нигоҳ дошта метавонад, ба ӯ гуфта, ки ҳар шаб як дона тухм мегузорад. Ва ӯро таъкид карда, ки ин сирро ба касе нагӯяд. Ҳанӯз рӯз ба поён нарасида, ин хабар ба саросари кишвар паҳн шуда, адади тухм ба сад расид. Ҳоким чун фаҳмид, хеле хандид ва он кӯзаро ба ӯ бахшид. Ва тӯли ҳаёташ розеро ба занаш накушуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *