Ҳабси абади шаҳрванди Узбекистон дар Маскав барои куштори генерали рус
Додгоҳи шаҳри Маскав Аҳмадҷон Қурбонов, шаҳрванди Узбекистонро бо иттиҳоми куштори генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳамчунин ӯ муваззаф шудааст, ки 1 миллион рубл ҷарима супорад.
Расонаҳои русӣ рӯзи 21 январ хабар доданд, ки дар доираи ҳамин парванда се гумонбари дигар низ ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Роберт Сафарян, зодаи Озарбойҷон, ки ба расонидани маводи тарканда гумонбар дониста мешавад, ба 25 соли зиндон маҳкум гардидааст. Батухан Точиев ва Рамазон Падиев, зодагони Ингушистон, ки ба гуфтаи тафтишот ба ҳамлагар манзили иҷора додаанд, мутаносибан ба 22 ва 18 соли зиндон маҳкум шуда, ҳар кадоме ба пардохти 200 ҳазор рубл ҷарима вазифадор шудаанд.
Ба иттилои мақомоти Русия, Аҳмадҷон Қурбонов гуноҳи худро эътироф кардааст, аммо дигар маҳкумшудагон даст доштанашонро дар ин ҳамла рад намудаанд.
Игор Кириллов ҳамроҳ бо ёвараш рӯзи 17 декабри соли 2024 дар пайи таркиш дар наздикии манзилаш дар Маскав ба ҳалокат расид. Муфаттишон гуфта буданд, ки маводи тарканда дар дохили як скутери барқӣ ҷойгир шуда буд. Се рӯз пас аз ҳодиса Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди 31-солаи Узбекистон дар вилояти Маскав хабар дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ