Ҳушдори «Тоҷикстандарт» аз фурӯши антифризи пастсифат

Агентии «Тоҷикстандарт» ронандагонро аз фурӯши антифризи пастсифат ва ғайристандартӣ дар баъзе бозорҳои кишвар огоҳ кард.

Ба иттилои ин ниҳод, бо фаро расидани фасли зимистон талабот ба моеи зиддисардӣ зиёд шуда, бархе фурӯшандагон аз ин вазъ истифода бурда, маҳсулоти бесифатро пешниҳод мекунанд.

Дар огоҳии нашршуда таъкид мешавад, ки истифодаи чунин антифриз метавонад ба муҳаррики воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ расонад. «Тоҷикстандарт» аз харидорон даъват кардааст, ҳангоми харид ба сифати маҳсулот аҳамият диҳанд ва аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоянд.

Ҳамчунин, ин ниҳод хотиррасон кардааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқи истеъмолӣ шаҳрвандон метавонанд ба «Тоҷикстандарт» муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи мақомот, чунин ҳолатҳо солҳои қабл низ сабт шуда буданд ва аз бозор садҳо литр антифризи пастсифат мусодира гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *