Ҳар нафас дарди “Бухоро” мекашад

Алии Деҳбошӣ пули иртиботӣ миёни пайкари пора-пораи фарҳангу адаби се кишвари ҳамзабони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон мебошад.

Бори дунё бар дилу дӯши Алист

Чанде пеш, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад як китоби тозанашри худро бо номи “Ин саҳар” ба банда тақдим кард. Ин китоб шеървораҳо ва 895 зарбулмасалу мақоли гирдовардаи нависандаро дар бар мегирад. Имрӯз китобро варақ мезадам ва дар сафҳаи ҳаштодуми он як рубоиро хондам, ки ба Алии Деҳбошӣ бахшида шудааст. Маълум нест, ки устод Абдулҳамид Самад ин рубоӣ, ё ба қавли худашон “шеървора”-ро кадом сол навиштаанд:

Бори дунё бар дилу дӯши Алист,

Ҳарфи дунё дар сару гӯши Алист.

Ҳар нафас дарди “Бухоро” мекашад,

Ин “Бухоро” ҷону ғампӯши Алист.

Абдулҳамид Самад нахустин адиби тоҷик нест, ки дар васфу ситоиши Алии Деҳбошӣ шеър гуфта. Ду сол пеш, вақте куруно ба ин чеҳраи номошнои фарҳангу адаби Эрон сироят кард ва ӯ рӯи тахти бемористон бо ин вируси манҳус мубориза мебурд, Фирдавси Аъзам, шоири ҷавону тавонои тоҷик ин рубоиро барои Алии Деҳбошӣ навишта буд:

На мисли касе ки аз дарахт уфтодаст,

На он ки аз остони бахт уфтодаст.

Ин мард фақат Алии Деҳбошӣ нест,

Эрони бузург рӯи тахт уфтодаст!

Гиромидошти шахсияти Алии Деҳбошӣ дар Тоҷикистон бо зикри корномаи ӯ дар ашъори шоирон ва осори адибони мо тамом намешавад. Ҳамин охири моҳи сентябри соли гузашта буд, ки расонаҳо хабар доданд Алии Деҳбошӣ, сардабири моҳномаи “Бухоро”, нависанда, адиб, рӯзноманигор, пажуҳишгари маъруфи эронӣ ва яке аз мубаллиғони фарҳангу адаби тоҷик дар ҷаҳони форсизабонон ба узвияти ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Он вақт ин хабарро ба Алии Деҳбошӣ расондам, ки боиси хушҳолӣ ва сипосгузории эшон аз лутфу ҳиммати масъулони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуда буд.

Мубаллиғи фарҳангу адаби порсӣ

Дар бораи шахсият ва корҳои боарзише, ки Алии Деҳбошӣ барои пойдории фарҳангу адаби порсӣ анҷом медиҳанд, зиёд гуфтаанд ва навиштаанд.

Ду сол пеш, дар рӯзҳое, ки Алии Деҳбошӣ аз ибтило ба куруно ранҷ мебурд, Муҳаммадкозими Козимӣ, шоир ва пажуҳишгари аҳли Афғонистон навишта буд: “Баъзе одамҳо ба танҳоӣ кори як ниҳоди фарҳангиро мекунанд. Метавон онҳоро вазоратхонаҳои сайёр донист.  Ва Алии Деҳбошӣ аз ин одамҳост. Касе ки чанд даҳаи мутаволӣ бо талошу ҳиммати таҳсинофарин ва ба шакли хастагинопазир барои донишу адаби ин ватани фарҳангӣ кор карда ва корномае шигифтангез бар ҷой ниҳодааст”.

Алии Деҳбоширо барҳақ яке аз чеҳраҳои мондагори фарҳанги муосири Эрон медонанд. Ӯ талоши густардае дар муаррифии осор ва зиндагии бузургони фарҳангу адаби порсӣ ва донишмандону андешамандони ҷаҳон барои мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Ба гуфтаи Фирдавси Аъзам, Алии Деҳбошӣ “қатореро мемонад, ки ҳамеша дар ҳаракат аст. Ва ба дунболи решаҳост, решаҳои таърихӣ, решаҳои дирӯз, ки то пайвандашон диҳад ба имрӯзу фардо. Тамоми зиндагияшро сарфи коре кардааст, ки ба он самимона ишқ меварзад, яъне ҳифзи фарҳангу адаби форсӣ. Пас мешавад гуфт, ки нигаҳбони фарҳанг аст. Шуҳрати ӯ маҳдуд ба Эрон нест, фаротар аз марзҳои ҷуғрофист. Барои аҳолии адабу фарҳанги Тоҷикистон ҳам ному чеҳраи ошност“.

Ин шоири тоҷик «Шабҳои Бухоро» ва баргузории садҳо рӯйдоди илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ дар Теҳронро ҳосили талошҳои вазнину хастагинопазири устод Деҳбошӣ хонда…

Хушбахтона, ба бахти аҳли адабу фарҳанги форсизабонон Алии Деҳбошӣ аз чанголи вируси куруно раҳоӣ ёфт ва акнун ду Наврӯз мешавад, ки ба кори дӯстоштааш, яъне таҳия ва нашри моҳномаи “Бухоро” идома медиҳад.

Ошноӣ бо Деҳбошӣ ба шарофати “Бухоро”

Дар оғози даҳаи 2010 бо пешниҳоди дӯсти рӯзноманигор ва донишмандам Меҳдӣ Ҷомӣ феҳристи беш аз 30 тан аз адибону пажуҳишгарони забону адаби тоҷик ва нишонии маҳали зисти онҳоро омода кардем. Алии Деҳбошӣ чанд сол бо харҷи худаш барои аҳли илму адаби тоҷик, ки мо ба эшон муаррифӣ карда будем, моҳномаи “Бухоро”-ро мефиристод. Аз рӯи шунидам, солиёни пеш устод Деҳбошӣ на танҳо ба тоҷикҳо, балки ба садҳо нафар аз порсизабонон дар саросари дунё ин моҳномаро ба сурати ройгон мефиристодааст! Офарин бар чунин ҳиммату саховат!

Баъдҳо нусхаи ПДФ-и моҳнома дар вебсойти он қобили дарёфт ва боргирӣ шуд ва ба ирсоли нусхаҳои коғазии “Бухоро” ба фарҳангиёни тоҷик зарурате боқӣ намонд.

Дар баҳори соли 2016 дар ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо лутфи дӯсти азизи Тоҷикистон Ҳажири Теҳронӣ нахустин бор саодати дидор бо Алии Деҳбоширо доштам ва бо эшон барои як гузориши телевизионӣ гуфтугӯи кӯтоҳе ҳам анҷом дода будем.

Ҳамкорӣ бо “Бухоро”

Охири соли 2020 бояд дар бораи Маҳмуди Давлатободӣ, нависандаи барҷастаи эронӣ матлабе барои сойти форсии Би-би-сӣ менавиштам. Аз Мирзо Шакурзода, нависанда ва муҳаққиқи шинохташуда шунидам, ки нависандаи маъруф Абдулҳамид Самад аз алоқамандони осори Давлатободист ва ҳатто дар Эрон бо ин устураи зиндаи адабиёт дидоре дошта. Ба ин баҳона гуфтугӯи муфассали тасвирӣ бо Абдулҳамид Самад анҷом додам. Матлаби навиштаам дар вебсойти Би-би-сӣ-и форсӣ ба нашр расид. Нусхаи навиштории мусоҳиба дар ду сафҳаи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” низ чоп шуд, аммо комил не. Матни пурраи гуфтугӯро ба хати форсӣ баргардон карда ва ба Алии Деҳбошӣ фиристодам. Эшон аксҳои дидори Абдулҳамид Самад бо Маҳмуди Давлатободиро хостанд. Ва баъд аз чанд рӯз матни сафҳабандӣ шудаи гуфтугӯро дубора бароям фиристоданд, то як бори дигар онро бихонам ва агар иштибоҳе дар матн рафта, ислоҳ кунам… Хулоса, моҳи декабри соли 2020 гуфтугӯ бо Абдулҳамид Самад ҳамроҳ бо чанд акс таҳти унвони “Маҳмуди Давлатободӣ: кошифи тавонои олами пурасрори дили инсон” дар 17 сафҳаи шумораи 141-и моҳномаи “Бухоро” чоп шуд. Баъд аз чанд ҳафта ду нусха аз ин шумораи моҳнома ба ҳиммати Алии Деҳбошӣ ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба Душанбе расид, ки аз ин бобат ману устод Абдулҳамид Самад аз Алии Деҳбошӣ бисёр сипосгузорем.

Сиккаи нуқра ба Алӣ Деҳбошӣ

Ахиран аз Эрон хабар расид, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи имсол, дақиқтар агар бигӯям, 18-уми марти соли 2023 дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба ифтихори пазириши Алии Деҳбошӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфиле бо ҳузури доктор Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, Алии Деҳбошӣ ва иддае аз дӯстдорони адабиёт баргузор шудааст.

Дар ин маросим ба Алии Деҳбошӣ лавҳи пазируфта шудани ӯ ба узвияти Иттифоқи нависандагон бо имзои Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва як сиккаи нуқраи холис тақдим кардаанд. Ин сикка 31,1 грамм вазн дошта ва онро Бонки миллии Тоҷикистон интишор кардааст. Ҳамроҳ бо сикка гувоҳиномаи он ҳам ба оқои Деҳбошӣ тақдим шуда.

Шоми “Бухоро” ва «Тоҷикистон”

Ёд дорам, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи соли 2016 бо ибтикори  ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сардабири он Шарифи Ҳамдампур дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба поси заҳмату талошҳои арзишманди Алии Деҳбошӣ дар густаришу таҳкими равобити адабӣ ва илмию фарҳангӣ миёни Эрону Тоҷикистон ва бузургдошти шахсияти ин марди бузург ва моҳномаи  “Бухоро”-и ӯ ҳамоише баргузор шуда буд. Маҳфиле буд басо бошукуҳ ва пурмуҳтавою хотирмон!

Пули иртиботӣ миёни се кишвари ҳамзабон

Алии Деҳбошӣ воқеан пули иртиботӣ миёни пайкари пора-пораи фарҳангу адаби се кишвари ҳамзабони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон мебошад. Бидуни шак, заҳамоти бедареғи ин марди фарҳангу адабпарвар сазовори ҷавоиз ва нишону унвонҳои муътабартаре дар Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон аст. Аз ин рӯ, меарзад барои бузургдошти шахсият ва талошҳои бедареғи Алии Деҳбошӣ дар роҳи посдории фарҳангу адаби муштараки мо иқдоме ҷадид ва ҷиддӣ анҷом шавад.

Умедворам масъулони арсаи илму фарҳангу адабиёти Тоҷикистон ин нуктаро ба ёд месупоранд ва ба қадри хидматҳои ин чеҳраи мондагор ва қосиди “Бухоро”, дӯсти асили Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ба таври шоиста ва боиста мерасанд!

Сӯҳроби ЗИЁ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *