Ҳукми Иззат Амон бетағйир монд

Суди олии Тоҷикистон ҳукми 9 сол зиндонӣ шудани Иззат Амон пас аз муроҷиати вакили дифоъ ва наздикони ӯ бетағйир боқӣ гузошт. Ин ҳукм нисбати Иззат Амон аз тарафи Суди  шаҳри Душанбе 19-уми октябри соли ҷорӣ содир шуда буд.  

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, ба”Озодӣ” гуфтааст, ки  Суди олии Тоҷикистон шикояти онҳоро бе ҳузури падараш  16-уми ноябр баррасӣ кард.

«Додрас ҳукмро бетағйир гузошт. Вакили мудофеъ гуфт, ки Додгоҳи Душанбе зерҳимояашро бе далел ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар посух гуфтанд, аз Вазорати корҳои дохилӣ маълумотнома биёред, ки нисбати Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не,» — нақл кардааст Холов.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки баҳори имсол аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон дастгир шуд, бо гуноҳи «қаллобӣ ба миқдори махсусан калон» ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. 

Аммо наздикони Иззат Амон ба «Озодӣ» гуфтаанд, ки ӯро барои 232 сомоние, ки ба дасти як даъвогар расонда натавонистанд, аз озодӣ маҳрум намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *