Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Аз сабаби фаромадани тарма роҳи Рӯшон баста аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки мардум дар роҳҳои куҳӣ эҳтиёт кунанд.
Аз ҷумла, имрӯз, 9 апрел соати 06: 50 дар 492 км роҳи автомобилгарди Душанбе – Рӯшон – Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Вознавди ҷамоати деҳоти Муминшоҳ Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон мегузарад, тарма ба қайд гирифта шуд.
Бино ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи тарма қурбониён нестанд, вале роҳ муваққатан баста аст. Барои тоза кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳҳои ноҳия истифода шудааст.
КҲФ хотиррасон мекунад, ки аз сабаби боришоти зиёд ва хатари баланди тармаҳо, фаромадани сангпораҳо дар ноҳияҳои Бадахшон, дар кӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб боэҳтиёт бошед.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои осебпазир ва минтақаҳои хатарнок, инчунин аз ҷамъоварии ҳезум, чарогоҳ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Инчунин, кумита қайд кардааст, ки ҳангоми банақшагирии сафари худ дар бораи ҳолати роҳҳо маълумот гиранд, воситаҳои нақлиётро бо таҷҳизоти зарурӣ барои ҳаракат дар шароити барф ва яхбандӣ таъмин кунанд, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя кунанд, дар роҳҳои автомобилгард ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои хатарнок масофаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ