Тафсилоти сӯхтор дар маркази пойтахт
Дар пайи сӯхторе, ки шоми 8 апрели соли равон дар маркази шаҳри Душанбе рух дод, талафоти ҷонӣ нест.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, ин ҳодиса дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Ҳусейнзода, бинои 18 рух додааст.
Сӯхтор дар ошёнаи 8-уми бинои 12-ошёна сар зада, баъдан ба ошёнаи 9-ум гузаштааст.
Наҷотдиҳандагон шаш сокини ошёнаҳои оташгирифтаро наҷот додаанд. Дар байни онҳо як кӯдаки 3-моҳа низ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват намудааст, ки қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ