СММ: 40% касбу кор аз байн меравад!
Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише, ки 3-юми апрел нашр кард, ҳушдор дод, зеҳни сунъӣ метавонад то соли 2033-юм 40 дарсад аз касбу кори ҷаҳониро таҳти таъсир қарор диҳад.
Ба таъкиди СММ, ин технология, ки пешбинӣ мешавад то соли 2033 арзишаш ба 4,8 триллион доллар расад, ҳамчунон фурсати бузург барои рушди иқтисодӣ ва судоварӣ маҳсуб мегардад. Ин созмон таъкид мекунад, ки зеҳни сунъӣ метавонад судоварияшро афзоиш диҳад.
Ин ниҳоди ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ намудааст, ки зуҳури зеҳни сунъӣ дар оянда таҳдид барои бисёре аз касбу корҳо хоҳад буд. Дар гузориши Созмон таъкид мешавад, ки ба шакли автоматӣ анҷом ёфтани бисёре аз касбу корҳо сабаби аз байн рафтани ҷойҳои корӣ мешавад.
Ҳамзамон, СММ таъкид мекунад, ки зеҳни сунъӣ фақат ҷойгузини касбу кор намешавад, балки метавонад соҳаҳои нави саноатиро эҷод намуда, дар тавонмандсозии коргарон саҳм гузорад.
Нигаронии СММ дар ҳолест, ки чанде қабл Бил Гейтс изҳор дошт, зеҳни сунъӣ метавонад дар оянда дар бахшҳои тибу маориф ҷойи табибон ва омӯзгоронро иваз намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ