Ҷуволи холӣ рост намеистад ё беобӣ дар Муъминобод

Як вақтҳо дар саҳифаҳои “Тоҷикистон” хонда будам, ки неъмати фаровонтарини олам об будааст. Эҳтимол барои дигар мавзеъҳо об неъмати фаровонтарини олам бошад, аммо барои мо — хизматчиёни беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод чойхонаву якчанд мақомоти дигаре, ки бо амри тақдир дар хиёбони марказии ноҳия ҳастанд, оби ошомиданӣ  барояшон тухми анқо  ҳаст.

Мо баъзан аз баландиҳо ҳавзи саршори пур аз оби Муъминободро дида ба шубҳа меафтем, ки…

Аз худат гап намемонад, одами ташна шубҳа он тараф истад, ба дигар тарафҳо низ ғел мезанад. Дар урфият «ҷуволи холӣ рост намеистад» мегӯянд.

Мо низ чандин ҷувол гапу чандин ароба далел дорем. Яке аз гапҳои далелдорамон ҳамин, ки дар солҳои собиқ шӯравӣ Муъминобод танҳо як хоҷагии калони чорвопарварию зироаткорӣ бо номи «Совхози 1» дошту дар ҳама кӯчаву хиёбонҳо оби нӯшокӣ фаровон буд. Хусусан он замонҳо чойхонаи Бобои Менибой дар маркази ноҳия беҳтарин макони истироҳатию фароғатӣ барои мӯйсафедону мусофирон буд.

Имрӯзҳо ин чойхонаи овозадор аз норасоии оби ба дору баробар як макони вайрона ва мусибатзадаро ба хотир меорад. Аммо мутасаддиёни марбут ба об таъминсозии ноҳия «сири мардум пӯшида» гуфта ба даҳонашон талқон пур карда гаштанду боз мегӯянд:

«Ба маълумоти ҳамаи онҳое, ки аз норасоии оби нӯшокӣ дар беморхона ва маркази ноҳия мушкилӣ доранд, мерасонем, ки ин мушкилотро аз бемасъулиятии девкорони мо нею аз толеи пасти худашон бинанд. Ва боз хотиррасон карданием, ки қулоч — қулоч аризаву шикоятҳои шумо ба шаъну эътибори баланди мо ягон хел таъсир ва осебе намерасонанд ва  нахоҳад расонд».

Рафиқи мушкилкушои ҳамагон — газетаи мардумии «Тоҷикистон! Мо мехоҳем, ки роҳбарони ба оби нӯшокӣ таъмирсозии ноҳия ва калонҳои ҷамоати шаҳраки Муъминобод дар амал неъмати фаровонтарини олам будани обро исбот кунанд.

Р. Сафарзод,

н. Муъминобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *