Ҷарроҳии ройгон барои кӯдакони гирифтори бемории дил дар Душанбе

Дар Душанбе кӯдакони дорои бемориҳои дил ба таври ройгон ташхис ва ҷарроҳӣ карда мешаванд. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо хабар доданд.

Ба гуфтаи ҷарроҳи дил Усмонҷон Исмонов, ин иқдом ба муносибати моҳи шарифи Рамазон роҳандозӣ шуда, тамоми хароҷоти табобат аз ҷониби фондҳои хайриявӣ пардохт мегардад.

Қабули беморон то 9 март идома меёбад. Волидайне, ки фарзандашон аз нуқсони дил ранҷ мебарад, новобаста аз маҳалли зист метавонанд барои сабти ном ба Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо муроҷиат кунанд.

Барои сабти ном ба рақамҳои зерин занг задан мумкин аст:
📞 +992 888 221 132
📞 +992 001 333 003
📞 +992 930 888 241

Ҳангоми муроҷиат пешниҳод намудани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва шиносномаи яке аз волидайн зарур аст. Дигар ҳуҷҷат талаб карда намешавад ва ҳамаи ташхисҳо дар худи марказ гузаронида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *