Ҷанг, қудрат ва ояндаи Эрон пас аз марги Хоманаӣ
Ҷанги Исроилу Амрико алайҳи Эрон тасодуфӣ набуд. Он дар тӯли солҳои зиёд тадриҷан тарҳрезӣ шуд ва дар пасманзари рақобатҳои геополитикӣ пухта расид. Ҳарчанд коршиносон ҳушдор медоданд, ки ҷанг бо Эрон метавонад паёмадҳои бисёр хатарнок дошта бошад, вале иродаи сиёсӣ барои ҷилавгирӣ аз он пайдо нашуд. Дар натиҷа, минтақа ба гирдоби рӯйдодҳое кашида шуд, ки бештар саҳнаҳои як филми даҳшатноки фоҷиаборро мемонанд.
Ҳамла ба Эрон
Ҳуҷум ба Эрон дар ҷаридаи таърих ҳамчун рӯзи сиёҳ сабт гардид. На ба он далел, ки ҳамлаи низомӣ сурат гирифт ва роҳбари кишвар, Пешвои мазҳабии шиъаҳои дунё Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ҳамроҳ бо аҳли хонавода ва тақрибан чиҳил нафар аз мақомдорони баландпоя кушта шуд, балки ба ин хотир, ки дар пайи зарба ба як мадрасаи духтарона 160 нафар муҳассилини он ба ҳалокат расиданд.
Ин рӯйдод на танҳо талафоти сангини сиёсӣ, балки фоҷиаи бузурги инсонӣ ба бор овард ва дар зеҳни ҷомеа ҳамчун яке аз саҳифаҳои дардноки таърихи муосир нақш баст ва мардуми Эронро атрофи роҳбарони имрӯзи кишвар муттаҳид сохт.

Ҳамла ба Эрон дар шароите оғоз ёфт, ки роҳбарияти олии кишвар худро дар фазои нисбатан амн эҳсос мекард. Зеро дар он рӯзҳо суханони сарони ИМА Доналд Трамп ва Исроил Бинямин Нетаняҳу бештар дар бораи идомаи гуфтушунид мерафт. Музокироти пешакӣ дар Уммон ба натиҷаҳои муайян расида буд ва интизор мерафт, ки даври нави музокироти ҷонибҳо дар рӯзҳои наздик баргузор гардад.
Аммо маҳз ҳамин фазои умеди дипломатӣ ба як дом табдил ёфт. Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва доираи наздики ӯ ба чунин зарбаи ногаҳонӣ омода набуданд ва амалан ғофилгир шуданд. Дар ҳамин шароит ҷониби Эрон бо ҷалби чеҳраҳои калидии низомӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор кард.
Дар он нишаст шахсиятҳои муҳими сиёсӣ ва низомӣ иштирок доштанд: Алӣ Шамхонӣ, вазири дифоъ Амир Носирзода, Муҳаммад Пакпур, Абдурраҳим Мусавӣ, Муҳаммадризо Ғароӣ Оштиёнӣ, Муҳаммад Шерозӣ, Ҳусейн Ҷабал Амелӣ, Солеҳ Асадӣ ва Аҳмадризо Родон. Аъзои хонаводаи Оятуллоҳ Али Хоманаӣ низ дар он қароргоҳ ҳузур доштанд.
Маҳз дар ҳамин лаҳза бомбаи махсусе, ки барои нобуд сохтани бунгоҳҳои зеризаминӣ пешбинӣ шудааст, ҳадафмандона ба ин нуқта партофта шуд. Зарба замоне зада шуд, ки чеҳраҳои марказии қабули қарорҳои сиёсӣ ва низомӣ дар як ҷо ҷамъ омада буданд ва худро дар як қароргоҳи ба назари онҳо комилан бехатар эҳсос мекарданд.
Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ дар он ҳамла ҷон бохт. Эҳтимол тарҳрезони ин амалиёт бар он буданд, ки аз байн рафтани ӯ ҷомеаи Эронро ба нооромӣ мекашад ва пояҳои ҳокимияти оятуллоҳоро суст мекунад ё фурӯ мерезад.
Аммо таҳаввулоти баъдӣ нишон дод, ки воқеият ба таври дигар шакл гирифт. Ба ҷойи фурӯпошии фаврӣ, кишвар ба марҳилаи нави ҳамбастагӣ ва бозсозии сохтори қудрат ворид шуд. Илова бар ин, ин рӯйдод боис гардид, ки аҳли мазҳаби шиъаи ҷаҳон бештар дар атрофи Эрон муттаҳид шаванд ва онро ҳамчун маркази рамзии муқовимат ва ҳувияти мазҳабӣ дастгирӣ кунанд. Шиъаҳои минтақа ҷиҳод эълон карданд, шиъаҳои ҷаҳон гуфторашонро ҳамоҳанг ва ба симфонияи ягона мубаддал сохтанд. Шумораи онҳо кам нест, мувофиқи маълумоти Маркази таҳқиқотии Пю, ки дар шаҳри Вашингтон ҷойгир аст, шумораи онҳо ба 300 000 000 (сесад миллион) мерасад.
Чӣ рух дод?
Бино ба гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ, 28-уми феврали соли 2026 оғози марҳалаи нави низоъ гашт. Исроил эълон кард, ки ба Эрон барои “пешгирӣ” зарба задааст. Баъдтар маълум гардид, ки ин амалиёт муштарак буда, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба он шарик аст. Марги Сайид Алии Хоманаӣ вокуниши сахт ба миён овард. Эрон ба зарбаҳои ҷавобӣ гузашт. Ҳамлаҳо на танҳо ба самти Исроил, балки ба нуқтаҳое дар кишварҳои Халиҷ, ки бо пойгоҳҳо ва инфрасохтори Амрико вобастаанд, сурат гирифтанд. Аллакай аз рӯзи сеюми ҷанг бисёре аз нозирон ин амалиётро якдафъаина не, балки оғози ҷанги густаришёбанда арзёбӣ мекарданд.
Тибқи маълумотҳо, шумораи қурбониён дар дохили Эрон ба беш аз ҳафтсад нафар расидааст. Дар Исроил, Лубнон ва баъзе кишварҳои арабии Халиҷ низ талафот ва харобиҳо сабт шудаанд. Вале бояд гуфт, ки дар шароити ҷанг рақамҳо зуд тағйир меёбанд ва на ҳама маълумотро метавон фавран мустақилона тасдиқ кард.
Чаро чунин шуд?
Аз рӯйи хронологияи нашршуда, ин зарбаҳо баъди он рӯй доданд, ки музокироти навбатии ИМА ва Эрон оид ба барномаи ҳастаӣ дар Уммон гӯё бенатиҷа анҷом ёфт. Вале ин маълумот дақиқ набуд. Зеро аз рӯи маълумотҳо музокирот пешрафти муайян дошт ва тарафҳо бояд рӯзҳои наздик ба натиҷа мерасиданд.
То ҳамлаҳо Вашингтон ҳузури низомии худро дар минтақа тақвият медод. Ҳамзамон роҳбарияти Амрико ошкоро ишора мекард, ки агар мувофиқа ба даст наояд, аз нерӯи ҳарбӣ истифода хоҳад кард. Эрон бошад, ҳамоно иддао мекард, ки барномаи ҳастаии он хусусияти низомӣ надорад ва ҳақи ғанисозии уранро барои мақсадҳои сулҳомез мехоҳад ҳифз кунад.

Чаро марги Хоманаӣ оҳанги низоъро дигар кард?
Сайид Алии Хоманаӣ на танҳо раҳбари мазҳабӣ, балки шахсе буд, ки сухани охиринро дар масъалаҳои ҷанг, сулҳ, сиёсат, амният, робита бо Амрико ва Исроил мегуфт. Аз ин рӯ, фавти ӯ буҳронро аз як бархӯрди низомӣ ба як гардиши амиқи сиёсӣ дар дохили худи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва минтақаи Ховари Миёна табдил дод. Интизориҳои ИМА ва Исроил ба амали об дар ҳован кӯфтан табдил ёфт. Онҳо гумон доштанд қатли Сайид Алии Хоманаӣ ҳарҷу марҷро дар Эрон ба миён меоварад ва нерӯҳои мухолифи ба онҳо наздик аз ин вазъ истифода бурда, ба майдон мебароянд ва қудратро ба даст мегиранд. Ҳарчанд хабар доштанд, ки дар қонунҳои Эрон механизми интиқоли қудрат пешбинӣ шудааст. Аммо дар шароите, ки ҷанг идома дорад, ин гузариш ҳатман орому осон сурат намегирад. Баръакс, эҳтимол дорад, ки марказҳои қудрати низомӣ ва амниятӣ, бахусус Корпуси посдорони инқилоби исломӣ дар раванди баъдӣ нақши бештар бигиранд.
Аз ин воқеа як хулосаи муҳим бармеояд: ҷанги имрӯз танҳо ба зерсохтҳои ҳарбӣ ё барномаҳои ҳастаии Эрон равона нашудааст. Он ҳамзамон бо мубориза барои ояндаи низоми сиёсӣ дар дохили худи кишвар низ иртибот дорад.
Ба ибораи дигар, дар баробари ҷабҳаи берунаи ҷанг, дар дохили кишвар низ як майдони рақобат барои қудрат вуҷуд дорад. Ин рақобат ба масъалаи оё низоми мавҷуда идома хоҳад ёфт ё дар он тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд меояд, иртибот мегирад.
Маҳз ҳамин омил вазъиятро ҳассостар месозад. Вақте кишвар ба марҳилаи гузариши қудрат ворид мешавад, ҳукуматҳо одатан мекӯшанд сахтгиртар, муттаҳид ва қодир ба посухи қотеъ намудор шаванд, то ҳам рақибони дохилиро боздоранд ва ҳам ба мухолифони хориҷӣ паёми устуворӣ фиристанд.
Аз ин рӯ, эҳтимоли сахттар шудани мавқеъҳо ва густариши танишҳо бештар мешавад.
Мантиқи низомии тарафҳо
Амрико ва Исроил амалиёти худро ҳамчун кӯшиши суст кардани тавоноии ҳастаӣ, мушакӣ ва низомии Эрон муаррифӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, зарбаҳо ба объектҳои ҳастаӣ, низомӣ, марказҳои фармондеҳӣ ва зерсохтҳои муҳим равона шудаанд. Ҳарчанд, тибқи хабарҳои расонаҳои мухталиф, дар баробари ин воқеияти дигар низ ҷой дорад. Мисоли он зарба ба мадрасаи духтарона ва марги ғайри низомиён дар Эрон аст.
Эрон бошад, аз рӯйи мантиқи дигар амал мекунад. Барои Теҳрон бисёр муҳим аст, ки ҳатто баъди аз даст додани раҳбари олӣ ҳам тавонад ҷавоби дарднок диҳад. Аз ҳамин сабаб зарбаҳои Эрон танҳо ба Исроил маҳдуд намешаванд. Онҳо ба кишварҳое ҳам мерасанд, ки дар онҳо низомиёни Амрико ҳузур доранд.
Бо ин роҳ Теҳрон мехоҳад нишон диҳад, ки ҷангро наметавон фақат дар дохили марзҳои Эрон нигоҳ дошт. Яъне, агар ба Эрон зарба зананд, тамоми минтақа ҳис мекунад, ки арзиши ҷанг то чӣ андоза гарон аст.
Ҷанги минтақавӣ аллакай оғоз шудааст
Ҳанӯз чанд соли пеш бисёриҳо ҳушдор медоданд, ки ҳар гуна зарбаи мустақим ба Эрон метавонад ба ташаннуҷи минтақа оварда расонад. Ҳоло маҳз ҳамин сенария амалӣ шуда истодааст.
Ҳамла ба Лубнон, зарбаҳо ба кишварҳои Халиҷ, халалдор шудани парвозҳо, тиҷорат ва кору зиндагии одӣ нишон медиҳанд, ки ин даргириҳо дуҷониба нестанд. Ҳатто агар онҳо ба ҷанги бузурги фарогир табдил наёбанд ҳам, равшан аст, ки дар чорчӯбаи муайян ва “назоратшаванда” нигоҳ доштанашон дигар имконнопазир аст. Яъне тарафҳо дигар наметавонанд низоъро дар сатҳи маҳдуд нигоҳ доранд. Хати сурхе, ки пештар аз убур карданашон худдорӣ мешуд, акнун шикаста шуд.
Мушкилоти онро акнун кишварҳои халиҷ бештар эҳсос мекунанд. Онҳо солҳои зиёд худро ҳамчун минтақаи амн барои тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ муаррифӣ мекарданд. Акнун бошад, ҷанг ба обрӯ ва устувории иқтисодии ҳамин кишварҳо низ латма мезанад.

Гулӯгоҳи Ҳурмуз ва буҳрони иқтисодӣ
Агар омиле вуҷуд дошта бошад, ки битавонад ҷанги маҳдуди минтақавиро ба буҳрони фарогири иқтисодии ҷаҳон табдил диҳад, он маҳз гулӯгоҳи Ҳурмуз аст. Зеро ин роҳрави танги баҳрӣ яке аз муҳимтарин масирҳои интиқоли нафт ва газ ба шумор меравад.
Ҳар гуна ноамнӣ ё баста шудани он на танҳо ба кишварҳои минтақа, балки ба бозорҳои ҷаҳонӣ зарба мезанад, нархи энерҷӣ боло меравад, занҷираҳои таъминот халал меёбанд ва иқтисодиёти ҷаҳон ба такон рӯ ба рӯ мешавад.
Эрон эълон кардааст, ки онро мебандад ва ба киштиҳое, ки кӯшиши убур доранд, ҳамла хоҳад кард.
Ин масъала бисёр ҷиддист. Аз тариқи ин гулӯгоҳ қисмати хеле муҳими нафти ҷаҳон ва ҳамчунин қисми зиёди гази моеъ интиқол мешавад. Ҳатто дар муддати кӯтоҳ халалдор гаштани ҳаракат дар ин масир метавонад ба болоравии нархи нафт, гарон шудани ҳамлу нақл, мушкилоти суғурта ва фишори иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо оварда расонад.
Нишонаҳои аввалини ин аллакай дида мешаванд: қимати нафт боло рафтааст, хавф барои ҳамлу нақли баҳрӣ афзудааст ва бозорҳо ба ҳолати изтироб даромадаанд. Яъне, ҷанги атрофи Эрон дигар фақат масъалаи амниятии минтақа нест, он ба иқтисоди ҷаҳон ҳам таъсири мустақим гузоштааст.
Вокуниши ҷаҳон
Вокуниши байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷаҳон дар арзёбии ин рӯйдод муттаҳид нест. Баъзе кишварҳо зарбаҳоро маҳкум карданд ва ба оташбасу музокира даъват намуданд. Бархеи дигар бештар ба хатари ҳастаӣ ва зарурати коҳиши даргириҳо диққат медиҳанд.
Дар ҳар сурат, як чиз рӯшан аст: дастгирии умумии ҷаҳонӣ аз мантиқи ҷанг дида намешавад. Ҳатто дар худи Иёлоти Муттаҳида ҳам назари ягона вуҷуд надорад. Агар ҷанг тӯл кашад, шумораи қурбониён зиёд шавад ва нархи сӯзишворӣ боло равад, фишори дохилӣ ба роҳбарияти Амрико ҳам метавонад бештар гардад.
Барои арзёбии одилона чиро бояд ба назар гирифт?
Дар шароити ҷанг хеле осон аст, ки воқеиятро бо як схемаи сода шарҳ диҳанд: як тараф пурра гунаҳкор, тарафи дигар пурра ҳақбудагон. Аммо вазъ дар асл хеле мураккабтар аст.
Амрико ва Исроил воқеан Эронро таҳдиди стратегии дарозмуддат медонанд ва мегӯянд, ки амалҳои онҳо ба хотири пешгирист. Эрон бошад, ин зарбаҳоро ҳамчун таҷовуз ба соҳибихтиёрии худ қабул мекунад ва онро ҷанг алайҳи давлатдории худ меҳисобад.
Агар амиқтар назар андозем, мебинем, ки баҳс танҳо сари барномаҳои низомӣ ё ҳастаӣ нест. Масъалаи аслӣ рақобат барои нуфуз ва пешоҳангӣ дар минтақа аст: кӣ дастболо бошад ва қоидаҳои бозиро муайян кунад.
Имрӯз Исроил талош дорад мавқеи бартарии худро дар Ховари Миёна таҳким бахшад ва худро қудрати ҳалкунанда нишон диҳад. Аммо Эрон, бо шабакаи нуфузи сиёсию мазҳабӣ ва низомии худ дар чанд кишвари минтақа, ин барномаро халалдор месозад. Аз ҳамин ҷо бархӯрди манфиатҳо оғоз мешавад: бархӯрде, ки бештар ба рақобати геополитикӣ монанд аст, на танҳо ихтилофи мавқеъҳои сиёсӣ.
Аз ин рӯ, хулосае бармеояд, ки ҷанги имрӯз дар ҷойи холӣ ба миён наомадааст. Ин натиҷаи фарсуда шудани механизмҳои боздоранда ва музокирот, талоши ба даст овардани қудрат дар минтақа аст.
Вале марги Хоманаӣ ва миқёси зарбаҳои ҷавобии Эрон буҳронро ба сатҳи тамоман нав баровард. Акнун арзиши ҳар иштибоҳ бисёр гаронтар афтодааст.
Пешбинӣ
Даргириҳо ҳанӯз поён намеёбанд ва эҳтимол дорад, ки ҳадди ақал чанд ҳафтаи дигар идома кунанд. Зарбаҳо ва посухҳо шадид боқӣ мемонанд, аммо ҳар ду тараф талош хоҳанд кард ҷанг аз ҳадди муайян берун наравад.
Яъне ҳадаф нобудсозии комили минтақа нест, балки фишор овардан, нишон додани қудрат ва тағйир додани мувозинати нерӯҳост. Ба ибораи дигар, ҷанг метавонад сахт бошад, аммо эҳтимол дорад идорашаванда боқӣ монад ва фавран ба як бесарусомонии фарогири минтақавӣ табдил наёбад. Ва ин сабаб дорад. Ҳоло ҳеҷ яке аз тарафҳо омода нест, ки зуд ақибнишинӣ кунад ё заъф нишон диҳад. Ҳар ду мехоҳанд мавқеи худро ҳифз кунанд ва нишон диҳанд, ки қодир ба посух ва идомаи муқовиматанд.
Аммо айни замон барои ҳама равшан аст, ки агар ҷанг аз назорат хориҷ шавад, паёмадҳои он танҳо ба майдони даргирӣ маҳдуд намемонад. Он метавонад содироти нафтро фалаҷ кунад, кишварҳои дигарро ба гирдоби низоъ бикашад ва ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи сахт расонад. Яъне хатар на танҳо низомӣ, балки иқтисодӣ ва глобалӣ низ мебошад.
Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки Амрико ва Исроил зарбаҳои худро ба объектҳои ҳарбӣ ва ҳастаии Эрон идома диҳанд. Дар посух Эрон метавонад ҳамлаҳои мушакӣ ва бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом диҳад.
Аммо ҳамзамон дар паси парда каналҳои миёнаравӣ низ фаъол хоҳанд шуд. Дар сатҳи изҳорот ва суханрониҳо лаҳн сахт боқӣ мемонад, вале дар амал тарафҳо мекӯшанд роҳҳои маҳдуди гуфтугӯ ва идора кардани буҳронро пайдо кунанд, то даргирӣ аз ҳадди муайян берун наравад.
Дар дохили Эрон чӣ мешавад?
Пешбинии ман дар бораи вазъи дохилии Эрон бештар эҳтиёткорона аст ва ҳатто то андозае фарқ мекунад. Марги Хоманаӣ худ аз худ ба маънои заиф шудани низом ё боз шудани роҳи осони ислоҳот нест.
Баръакс, дар шароити ҷанг эҳтимол бештар аст, ки нерӯҳои сахтгир мавқеи худро боз ҳам қавитар кунанд ва сиёсати давлат ба самти шадидтар ва мутамарказтар равад. Зеро дар давраи буҳрону таҳдидҳои беруна ҳукуматҳо одатан мекӯшанд қудратро бештар муттаҳид созанд ва сахтгирона амал кунанд.
Аз ин рӯ, дар муддати кӯтоҳ эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки дар Эрон тамаркузи бештари қудрат, назорати сахттар, риторикаи сафарбаркунанда ва фишори бештар ба мухолифон ба миён ояд. Танҳо дертар, агар ҷанг давлат ва элитаро фарсуда кунад, мумкин аст фазо барои тағйироти амиқтар кушода шавад.
Оё табдили куллии низом мумкин аст?
Аз назари нозирон ин сенария вуҷуд дорад, вале он дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик натиҷаи фаврӣ нахоҳад шуд. Таърих нишон медиҳад, ки зарбаҳои беруна ба низомҳои сахтгир дар қадами аввал бештар ба муттаҳидшавии дохилӣ ва болоравии эҳсоси миллӣ меоранд, на ба фурӯпошии зуд.
Ҳоло нишонаҳои фурӯ рехтани фаврии давлатдории Эрон дида намешаванд. Баръакс, маълум аст, ки низом ҳатто баъд аз зарбаи сахт ба болои сохтори қудрат ҳамоно кор мекунад.
Дар ду то чор ҳафтаи наздик даргирӣ эҳтимол аст шадиду хатарнок боқӣ монад. Баъд аз он эҳтимол дорад ҷустуҷӯи шакле аз коҳиши маҳдуди таниш оғоз шавад. На аз сабаби оштии воқеӣ, балки аз он сабаб, ки арзиши идомаи ҷанги васеъ барои ҳама хеле гарон аст.
Ин маънои сулҳи воқеиро надорад. Эҳтимоли бештар он аст, ки минтақа ба як марҳалаи нави нигаҳдории нооромӣ ворид мешавад: Эрон заиф мешавад, вале суқут намекунад; Амрико ва Исроил қудрати худро нишон медиҳанд, вале “масъалаи Эрон”-ро якбора ҳал карда наметавонанд; минтақа бошад, ба давраи тӯлонии ноустуворӣ, нафти гарон ва амнияти шикатпазир ворид мешавад.
Шариф ҲАМДАМПУР
Аз муаллиф: Ин матлаб дар асоси омӯзиш ва таҳлили гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ омода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ