11,3 млрд доллар ва 140 захмӣ. Натиҷаи ҳафтаи аввали ҷанги Амрико бо Эрон

Нашрияи “Ню-Йорк Таймс” гузориш додааст, ки Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хароҷоти ҳафтаи аввали ҷанг алайҳи Эронро тақрибан 11,3 миллиард доллар арзёбӣ кардааст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, намояндагони Вазорати дифои Амрико ин маълумотро дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста ба Конгресси ИМА пешниҳод кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки ин арзёбӣ тамоми ҷанбаҳои амалиёти низомиро дар бар намегирад. Аз ҷумла, хароҷоти ҷойгиркунии таҷҳизоти ҳарбӣ ва нерӯҳои амрикоӣ пеш аз оғози ҳамла ба ин ҳисоб дохил карда нашудааст.

Ҳамзамон, тибқи иттилои Вазорати дифои Амрико, дар ҷараёни ҷанг алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон 140 сарбози амрикоӣ захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, аксари онҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Аз миёни захмиён 108 нафар пас аз табобат дубора ба хидмат баргаштаанд, дар ҳоле ки 8 сарбоз дар рӯйхати маҷрӯҳони вазнин қарор доранд.

Пештар фармондеҳии марказии Эрон эълон карда буд, ки дар давоми 10 рӯзи ҷанг алайҳи ин кишвар 7 сарбози эронӣ кушта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *