19 соли зиндон ба ҷавоне дар ноҳияи Деваштич барои куштори падар

Дар Додгоҳи вилояти Суғд мурофиаи ошкоро вобаста ба ҷинояти одамкушӣ баргузор гардидааст. Ҷумъабой Сатторқулови 28-сола сокини ноҳияи Деваштич дар куштори падараш Асрорқул Сатторқулови 63-сола айбдор дониста шуда, ба 19 соли зиндон равона шудааст.

Дар ин бора дирӯз, 11 март дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гузориш дода шудааст.

Гуфта мешавад, 14 августи соли 2025 тахминан соати 19-и бегоҳ байни падар, ки маст буд ва писар дар манзили истиқоматии онҳо муноқиша сар задааст.

Айбдоршаванда бо курсии чубӣ ва панҷшоха падарашро латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар натиҷаи ҷароҳатҳои зиёд баъди 5 соати ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки писар барои рӯйпӯш кардани ҷинояташ либоси падарашро иваз карда, кӯшиш мекунад, ки марги ӯро табиӣ, дар натиҷаи афтодан дар ҳолати мастӣ нишон диҳад.

Қайд мегардад, ки ҳамдеҳагон бехабар аз ҳодиса ҷасадро дафн мекунанд. Вале мақомоти полис ва додситонии ноҳияи Деваштич бо гирифтани иттилои фаврӣ ҳодисаро таҳқиқ ва ҷиноятро ошкор кардаанд.

“Аз гӯр берун баровардан ва гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ, аломатҳои марги маҷбуриро тасдиқ кардааст. Далелҳои дар парванда ҷамъоварӣ гардидаро додрас баррасӣ карда, Ҷумъабой Сатторқуловро гунаҳгор эътироф кард”,- гуфта мешавад дар гузориш.

Нисбати Ҷумъабой Сатторқулов парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, додгоҳ ӯро тибқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои “в” ва “е” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба 19 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.

Маълум нест, ки ҳукми додгоҳ кай содир шудааст. Ҳамчунин назари худи маҳкумшуда ва наздикони ӯ нисбат ба ин ҳукм дастрас нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *