Гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Crocus City Hall” ҳабси абад гирифтанд

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбӣ дар шаҳри Маскав чаҳор нафареро, ки ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Crocus City Hall” дар вилояти Маскав муттаҳам дониста мешуданд, ба ҳабси якумра маҳкум кард.

Дар ин бора хабаргузории русии «Интерфакс» иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Шамсидин Фаридуни ва Муҳаммадсобир Файзов инчунин ба пардохти ҷарима ба маблағи 990 ҳазор рубл маҳкум шудаанд.

Гуфта мешавад, ки маҳкумшудагон ҷазои худро дар колонияи дорои низоми махсус адо хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *