Даргузашти сарояндаи эронӣ Ҳамид Ҳирод дар синни 34-солагӣ
Сарояндаи маъруфи мусиқии попи Эрон Ҳамид Ҳирод рӯзи 12 март дар шаҳри Теҳрон аз олам чашм пӯшид. Ӯ 34-сола буд ва тақрибан шаш соли охир бо бемории саратон мубориза мебурд.
Ба навиштаи хабаргузории «Меҳр», маросими ҷанозаи ҳунарманд имрӯз, 13 март баргузор шуда, пас аз он ба хок супурда мешавад. Гуфта мешавад, бинобар вазъи мураккаби амниятӣ ва ҷангӣ дар Эрон, маросими ёдбуди расмӣ дертар баргузор мегардад.
Ҳамид Ҳирод на танҳо дар Эрон, балки дар кишварҳои минтақа низ шунавандагони зиёд дошт. Ӯ соли 2021 ба Душанбе сафар карда, барои ҳаводоронаш консерт баргузор намуда буд.
Сабки эҷодии ӯ бо омезиши мусиқии поп ва ғазалҳои классикӣ шинохта мешуд. Ҳирод ба ашъори шоирони маъруфи форсизабон, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ, оҳанг баста, онҳоро бо иҷрои хоси худ месуруд.
Бо чунин таронаҳо ӯ тавонист дар байни дӯстдорони мусиқӣ дар Эрон ва берун аз он маъруфият пайдо кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ