Боришоти зиёд ва роҳҳои хатарнок. Огоҳии Вазорати нақлиёт дар моҳи март
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ронандагон хостааст, ки дар шароити номусоиди ҳаво ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд. Инчунин, вазорат аз ширкату муассисаҳое, ки масъули нигоҳдории роҳҳои кишвар мебошанд, даъват кардааст, ки ба боришоти эҳтимолӣ ва паёмадҳои он омодагӣ бинанд.
Бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, як ҳафтаи охири моҳи март дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар баъзе минтақаҳо ғафсии қабати барф метавонад то 30 сантиметр расида, сатҳи об дар дарёҳо баланд шавад. Дар чунин шароит хатари фаромадани тарма, сангреза ва омадани сел дар роҳҳо афзоиш меёбад.

Ба иттилои вазорат, бар асари боришоти зиёд дар рӯзҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт селу тарма фаромада, ба чанд роҳи мошингарди кишвар зарар расонидааст. Аз ҷумла, дар километри 661-уми роҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар мавзеи Гундии ноҳияи Шуғнон ва дар километри 33-юми роҳи Рӯшон -Бартанг тарма фаромадааст. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Аличур ва Мамаддзоири ноҳияи Мурғоб, инчунин дар деҳаҳои Хостав ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сел ба қайд гирифта шудааст, ки ҳаракати нақлиётро муваққатан халалдор кард.
Ҳамчунин, вазорат хабар медиҳад, ки дар ноҳияҳои Нуробод, Сангвор ва Лахш низ борону барф боиси фаромадани тарма ва омадани сел гардидааст.
Ба гуфтаи масъулон, аз моҳи феврал то имрӯз дар роҳҳои Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон ва Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб беш аз 30 ҳолати фаромадани тармаи хурду бузург сабт шудааст.
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба қабати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо осеб расида, ҳаракати нақлиёт дар баъзе қитъаҳо муваққатан қатъ гардида буд. Бо вуҷуди ин, ба иттилои Вазорати нақлиёт, ҳоло ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар тамоми роҳҳои кишвар барқарор шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ