Имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни ДБССТ ва макотиби олии Ӯзбекистон

12 марти соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расиданд. Ин санадҳо дар доираи ташрифи ҳайати ректорони донишгоҳҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва дар чорчӯби Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расонида шуданд.

Нахуст, ҳайати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни ташрифи худ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо расму русуми миллӣ истиқбол гирифта шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода имконияту зарфиятҳои таълимӣ, илмӣ ва инфрасохтории донишгоҳро муаррифӣ намуда, доир ба таҷрибаи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисодиёт, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ маҳсуб ёфта, густариши робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат аҳаммияти муҳим дорад.

Дар доираи сафар созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов ба тасвиб расид. Байни сохторҳои таркибии донишгоҳ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон низ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Зикр гардид, ки татбиқи созишномаҳои имзошуда барои роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи устодону донишҷӯён, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *