Ҳамсари Алии Хоманаӣ зинда будааст
Хабаргузории “Форс” хабар дод, ки Мансура Хуҷаста Боқирзода, ҳамсари Алии Хоманаӣ дар қайди ҳаёт аст.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, хабари қаблан мунташиршуда дар бораи даргузашти ӯ иштибоҳ будааст.
«Ҳамсари раҳбари шаҳиди Инқилоб дар қайди ҳаёт ҳастанд ва хабарҳои аввалия дар мавриди шаҳодати эшон нодуруст будааст», -гуфта мешавад дар гузориш.
Пештар бархе расонаҳои эронӣ хабар дода буданд, ки Мансура Хуҷаста Боқирзода пас аз захмӣ шудан дар рӯзи аввали ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба Эрон даргузаштааст.
Мансура Хуҷаста Боқирзода 79 сол дорад.
Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар пайи ҳамлаҳои низомӣ, ба ҷуз Алии Хоманаӣ, ҳамчунин духтар, домод, набера ва яке аз келинҳои ӯ низ ҷон бохтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ