Дар Душанбе моҳи апрел ҷашнвораи Наврӯз баргузор мешавад

Рӯзи 4 апрел дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз “Ҷашнвораи Наврӯзи Душанбе” (“Dushanbe Navruz Fest”) баргузор мегардад.

Чорабинӣ аз соати 15:00 то 22:00 идома меёбад. Ба иттилои шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти шаҳри Душанбе, дар ҷашнвора ҳунармандони маъруф аз Тоҷикистон ва хориҷ барномаи консертӣ пешкаш мекунанд. Инчунин, намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, шириниву нӯшокиҳо ба назар гирифта шудааст.

Барои меҳмонон барномаҳои фароғатӣ, аз ҷумла бозиҳои варзишӣ ва зеҳнӣ, озмунҳо, намоишҳои театрӣ, гӯшаи аспсаворӣ ва майдончаҳои кӯдакон ҳам ташкил карда мешаванд.

📱Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *