Тоҷиддин Абдуллозода: Бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагиро бештар кардем
Феълан дар ноҳияи Вахш сохтмони се муассисаи таълимӣ идома дорад. Дар назар аст, ки то 35 -солагии Истиқлоли давлатии кишвар иншооти мавриди назар ифтитоҳ гарданд.
Тоҷиддин Абдуллозода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия мо бунёди бино ва синфхонаҳои иловагиро бештар кардем. Ӯ афзуд, ки ҳоло дар назди 12 муассисаи таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Ба таъкиди вай, дар маҷмӯъ, корҳои сохтмонӣ дар 134 синфхонаи иловагӣ бо саҳми сокинон, соҳибкорон ва шахсони саховатманд рафта истодааст.
“Дар се деҳа сохтмонии муассисаҳои таълимӣ рафта истодааст. Сотмони ду муассисаи таълимӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинону шахсони саховатманд ва як муассисаи таълимӣ аз ҳисоби Бонки Рушди Олмон рафта истодааст. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ беш аз 1 ҳазору 500 ҷойи нишаст дар ду баст ташкил хоҳад шуд”,-гуфт номбурда.
Феълан дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон 71 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад ва дар он 56 ҳазору 770 хонанда ба таълиму тарбия фарогирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ