Мактаби бостоншиносони тоҷик

Соли равон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5500 — солагии Саразм, ки он ҳамчун ганҷинаи тиллоии таърих ва тамаддуни тоҷикон маҳсуб мешавад, таҷлил мегардад. Воқеан ҳам, ҷашни Саразм бори дигар фарҳангу таърихи пурғановати миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Инчунин, он барои таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз гузаштаи худ мусоидат хоҳад кард.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба омода намудани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла муаррихону бостоншиносон машғул аст, бо мақсади саҳм гузоштан дар таҷлили  5500-солагии Саразм як гурӯҳ бостоншиносони ҷавонро барои гузаронидани ҳафриёт ба шаҳри Панҷакент равона кард. 

Ҷараёни ҳафриёт аз тарафи муҳаққиқони ДМТ дар мавзеи Саразм

Бостоншиносони ҷавони мо таҳти роҳбарии декани факултети таърих,  доктори илмҳои таърих, профессор Раҳмоналӣ Шарифов наздики ду моҳ дар мавзеи Саразм машғули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ буданд ва ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Кушодани 9 манзили истиқоматӣ, ки деворҳояшон аз хишти хом сохта шудааст, яке аз дастовардҳои бостоншиносони донишгоҳ мебошад. Аммо  муҳимтарин ва нодиртарин бозёфтҳои бостоншиносони ДМТ  крест (чолиппо)-и  аз   фирӯза сохташуда аст, ки  дар  рамзи ҷашни Саразм  тасвир шудааст. Фирӯза дар моварои таърих рамзи саодатмандию ғолибият аст. Илова бар ин,  зимни ҳафриёт намунаҳои гуногуни санги рухомро пайдо кардаанд, ки хеле шаффоф буда, бисёр зебо коркард шудааст.

Дар баробари ин, сарнайзаи биринҷии баргмонанд, пораҳои  зарфҳои сафолӣ, муҳраҳо, олоти сангӣ, сангҳои суфта, тугмаҳои сафолӣ ва ғайра, ки аз ҷониби мутахассисони мо пайдо шуданд, таҳқиқоти илмии алоҳидаро мехоҳанд.   

Ковишҳои бостоншиносии ҳайати устодону донишҷӯёни факултети таърихи ДМТ дар Саразм аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифт. Бо дарназардошти ин, бо мусоидати Президенти АМИ ҶТ, академик Ф. Раҳимӣ соҳаи бостонии рақами 18-и Саразм марбути факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дониста шуд. Аз ин ба баъд ҳамкории ДМТ бо Пойгоҳи бостоншиносии Саразм вусъат меёбад ва мо умедвори дастовардҳои нав ба нав ҳастем.

Қобилҷон Хушвахтзода,

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *