1,2 млрд доллар гардиши савдо. Мулоқоти сарони давлатҳо дар Остона

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар шаҳри Остона мулоқот анҷом доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ намуданд.

Сарварони давлатҳо аз рушди босуръати ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориро таъкид карданд. Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2025 ба 1,2 миллиард доллар расидааст.

Ҷонибҳо бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва кишоварзиро самтҳои калидии ҳамкорӣ номида, инчунин рушди соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъиро аз афзалиятҳои ояндадор арзёбӣ намуданд.

Дар бахши фарҳангиву башарӣ масъалаи густариши мубодилаҳои эҷодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф матраҳ гардид.

Ҳамзамон, сарони давлатҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти амният, аз ҷумла дар бахшҳои низомӣ ва низомиву техникӣ, инчунин муқовимат ба таҳдидҳои ҷаҳониву минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуда, мубодилаи афкор атрофи рӯзномаи Ҳамоиши экологии минтақавӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки қарор аст дар Остона баргузор гардад, сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *