Қоидаҳои нави Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ дар остонаи мавсими Ҳаҷ-2026 қоидаҳои нави сахтро барои вуруд ба шаҳри муқаддаси Макка ҷорӣ карданд.

Тибқи тартиби нав, аз 13 апрел ворид шудан ба Макка танҳо бо иҷозатномаи махсус имконпазир буда, танҳо сокинони расмӣ ва шахсоне, ки иҷозаи адои Ҳаҷ доранд, метавонанд ба шаҳр ворид шаванд.

Аз 18 апрел маҳдудиятҳо боз ҳам шадидтар гардида, вуруд барои дорандагони раводиди сайёҳӣ ва дигар навъҳои раводид пурра манъ шудааст. Ҳамзамон, додани иҷозатнома барои адои умра муваққатан қатъ гардида, аз зоироне, ки аллакай дар Макка қарор доранд, талаб карда мешавад шаҳрро тарк намоянд.

Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршуда ҷаримаҳои калон пешбинӣ шуда, қонуншиканон метавонанд аз кишвар ихроҷ ва то 10 сол аз ҳуқуқи бозгашт маҳрум гарданд.

Ин тадбирҳо ба хотири таъмини амният ва танзими равуои зоирон дар мавсими Ҳаҷ андешида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *