Тамдиди оташбас миёни Амрико ва Эрон
Президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки муҳлати оташбаси дуҳафтаӣ миёни Амрико ва Эрон бо дархости Покистон тамдид карда шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ин қарор чанд соат пеш аз анҷоми муҳлати оташбас гирифта шуда, бо дархости фармондеҳи кулли артиши Покистон Осим Мунир ва нахуствазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф сурат гирифтааст.
Трамп дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навишт, ки оташбас то замони пешниҳоди расмии ҷониби Теҳрон ва анҷоми музокирот идома хоҳад ёфт. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки ба артиши Амрико дастур додааст, омодагии худро нигоҳ дошта, муҳосираро идома диҳанд.
Ба гуфтаи роҳбари Кохи Сафед, ин тасмим барои фароҳам овардани фурсат ба ҷониби Эрон ҷиҳати пешниҳоди як нақшаи воҳид ва идомаи музокирот гирифта шудааст.
То кунун мақомоти расмии Эрон дар мавриди ин изҳорот вокунише ироа накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки оташбаси дуҳафтаӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон пас аз тақрибан 40 рӯзи даргириҳо дар Ховари Миёна ба даст омада буд. Қарор буд он имрӯз, 22 апрел ба поён расад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ