Хатлон. Кишоварзон соҳиби таҷҳизот шуданд
Дар шаҳри Бохтар вохӯрии масъулин бо кишоварзон баргузор гардид. Мақсад аз вохурӣ, татбиқи сиёсати давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он гуфта шудааст.
Дар суҳбат бо кишоварзон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Ин суҳбату вохурӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он баргузор гардид, ки масъалаҳои муҳими марбут ба рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои муосир ва таъмини устувории истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои расида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ба раёсатҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо 408 таҷҳизоти муосири идоравӣ, аз ҷумла ноутбук, компютер, принтер ва дигар лавозимоти зарурӣ дода шуд. Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки истифодаи самараноки замин, сари вақт анҷом додани кишти пахта ва дигар зироат, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири агротехникӣ аз вазифаҳои асосии масъулони соҳа ба шумор меравад.
Ӯ ҳамчунин масъулонро вазифадор намуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои таъмини рушди устувори соҳа ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин иштирокчиён вобаста ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Дар охир гуфта шуд, ки чунин иқдомҳо метавонанд барои рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ