Қазоқистон ба Тоҷикистон бештар ғалла медиҳад

Қазоқистон ният дорад, ки содироти зироати ғалладона ва маҳсулоти хӯрокворӣ ба Тоҷикистонро густариш диҳад.

Ин нукта дар вохӯрии Нурмаҳмад Аҳмадзода, директори Агентии захираҳои давлатии моддии Тоҷикистон бо Элдар Исмагулов, муовини раиси Раёсати ширкати “Продкорпоратсия”-и Қазоқистон зикр шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз Қазоқистон ба Тоҷикистон то 1,3 млн тонна зироати ғалла ворид мекунанд. Ҳамчунин зикр мешавад, ки Душанбе на танҳо ба харидории ғалла, балки орду равғани офтобпараст низ ҳавасманд аст.

Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон ба таври анъанавӣ содиркунандаи калидии гандум ва орд ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *