Коҳиши воридоти шакар ба Тоҷикистон
Дар се моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна шакар (қанд) ворид шудааст. Ҳар як килограми он ба ҳисоби миёна тақрибан 0,91 доллар буда, маблағи умумии ин маҳсулот 22,2 млн долларро ташкил додаааст.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, воридоти шакар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас кам шудааст. Дар ифодаи пулӣ, ҳудуди 6,6 млн доллар ё тақрибан 23% қоҳиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, қисмати зиёди воридот ба Русия рост меояд: наздики 6,6 ҳазор тонна шакар ба маблағи ҳудуди 6 млн доллар. Ҳамин тариқ, ҳиссаи Русия дар сохтори воридот ҳам аз рӯйи ҳаҷм ва ҳам нарх ҳудуди 27%-ро ташкил додааст.
Ба ғайр аз Русия, шакар ҳамчунин аз дигар кишварҳо низ ба Тоҷикистон ворид мешавад, вале ҳаҷмашон кам аст.
Ба сурати умум, Тоҷикистон қариб пурра ба воридоти шакр аз хориҷа вобаста аст. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 191 млн доллар зиёда аз 117,4 ҳазор тонна шакар ворид шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ