“CASA-1000” кай ба кор оғоз мекунад?
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа гуфт, ки айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳаи “CASA-1000” дар сетои он – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расид. Корҳо танҳо дар ҳудуди Афғонистон мондааст, ки баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад.
Вай дар ин бора зимни ҷаласаи корӣ, ки дар шаҳри Душанбе вобаста ба баррасии раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи “CASA-1000” баргузор гардид, таъкид кард.
Дар ин ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, роҳбарияти “Da Afghanistan Breshna Sherkat” (DABS), Бонки Ҷаҳонӣ ва ширкати пудратчӣ Kamani Engineering Corporation (KEC) ширкат доштанд.

Дар ин ҷаласа вазир қайд кард, ки татбиқи лоиҳаи “CASA-1000” барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани эътимод миёни кишварҳои аъзои ва таъмини содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар ҷаласа намояндагони ширкати “Брешно” иброз доштанд, ки корҳои боқимонда дар ҳудуди Афғонистон тибқи нақшаи таҷдидшуда баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад. Тобистони соли 2027 аллакай марҳилаи тиҷоратии лоиҳа оғоз меёбад.
Таъкид шудааст, ки анҷоми пурраи ин тарҳи муҳими минтақавӣ ба рушди бозори энергетикӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои аъзои лоиҳа мусоидат хоҳад намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ