Аз эҳтиёҷ то “касб”. Талбандагӣ дар кӯчаҳои пойтахт

Вақтҳои охир манзарае, ки дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе дида мешавад, боиси нигаронии ҷиддист: афзоиши занони тоҷике, ки ба талбандагӣ машғуланд. Ин дигар як-ду ҳолати тасодуфӣ нест, ин аллакай ба як падидаи густурда табдил ёфта истодааст.

Шомгоҳон, вақте мардум баъди як рӯзи кори сангин мехоҳанд каме оромӣ ёбанд, гурӯҳе аз занон ба “шикор” мебароянд. Ду-се нафар, ҳатман бо як зани солхӯрда ва ё кӯдаки беморе ба назди роҳгузарон, махсусан ҷавонон наздик мешаванд ва бо ҷумлаҳои азёдшудаи “шавҳари бемор дорам”, “фарзандам бемор аст” пул талаб мекунанд.

Ин як саҳнаи такрорӣ аст, ки ҳар вақт рӯз ё шаб дар чандин нуқтаи шаҳр дида мешавад.

Онҳо на танҳо дар кӯча, балки ба мағозаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ворид шуда, миёни суҳбати одамон медароянд, садақа мепурсанд. Истироҳати мардум, фазои ороми шаҳр барои онҳо аҳамияте надорад.

Ин дигар эҳтиёҷмандӣ не, балки як усули одатшудаи дарёфти пул аст.

Саволи асосӣ ин аст, чаро бояд зане, ки қобилияти меҳнат дорад, роҳи осонтар – талбандагиро интихоб кунад? Оё ин роҳи ҳал аст ё нишонаи беномусӣ ва ё бемасъулиятӣ?

Дишаб тақрибан соатҳои 23-ву 35 дар маҳаллаи 33 назди тарабхонаи «Форам» чунин манзараро дидам. Вақте ба онҳо гуфтам, ки ба занони меҳнатдӯсти роҳрӯб нигаранд, ки дар рӯ ба рӯяшон заҳмат мекашиданд ва ҳалол зиндагӣ мекунанд, посухи муносиб нагирифтам. Баръакс, онҳо бе ҳеҷ шарм кори худро идома доданд, аз «Форам» то маркази савдои «Эҳсон» қариб ба ҳар нафар муроҷиат мекарданд, ки нофорам буд.

Ин дигар танҳо як масъалаи иҷтимоӣ нест, ин масъалаи обрӯи занони тоҷик аст. Вақте чунин рафтор зиёд мешавад, он тасаввуроти ҷомеаро тағйир медиҳад ва арзишҳои меҳнату номусро зери суол мебарад.

Беамалӣ дар ин самт метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мақомоти масъул, бахусус полиси пойтахт ба ин масъала бетараф набошанд. Пешгирии чунин амалҳо на танҳо ҳифзи тартибот, балки ҳифзи арзишҳои ҷомеа аст.

Абдураҳмон РАҲМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *