89,1% иҷрои нақшаи даъват дар 20 рӯз

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъват 89,1% иҷро шудааст.

Вазорат 22-юми апрел хабар дод, ки то кунун Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, вилояти Суғд 78,5% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76,7%-и нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Мавсими баҳории даъват ба хидмат дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома меёбад. Дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба Артиш даъват мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *