Муарифии дастовардҳои Тоҷикистон дар Саммити Остона

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ дар мавзӯи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” якҷо бо дигар сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммит боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ павилиони Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст, ки саҳми кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи иқлим нишон медиҳад.

Ба сарони давлатҳо дар павилиони Тоҷикистон оид ба мушкилоти ҷаҳонии обшавии пиряхҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳдошти муҳити зист, аҳамияту авлавияти гузариш ба “иқтисодиёти сабз” ва рушди экотуризм маълумот пешкаш гардид.

Дар гӯшаи Тоҷикистон гуногунии табиат ва мероси фарҳангии Тоҷикистон, анъанаҳо, ҳунарҳо ва санъат, ки робитаи амиқи мардумро бо муҳити зист инъикос мекунанд, мақоми хоса дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва робитаи инсону табиат диққати махсус медиҳанд. Татбиқи босамари барномаҳои ҳифзи бабри барфӣ ва барқарорсозии саршумори бузи пармашох ва гӯсфанди кӯҳии архар (Марко Поло) аз ҷумлаи тадбирҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *