Насби чароғакҳои ҳушманд дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе насби чароғакҳои муосири “ҳушманд” оғоз гардидааст.

Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бо мақсади мутобиқсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани бехатарии ҳаракат амалӣ мешавад.

Чароғакҳои нав дорои низоми автоматикунонидашуда буда, вобаста ба шиддатнокии ҳаракати нақлиёт фаъолияти худро ба таври худкор танзим мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки ҳаракат муназзам гардида, бандшавии роҳҳо коҳиш ёбад.

Гуфта мешавад, насби чунин таҷҳизот марҳила ба марҳила дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр амалӣ шуда, ба коҳиши садамаҳои нақлиётӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *