Латиф Нозимӣ: Шеъри тоҷик хуб аст, вале модерн нест!

Латиф Нозимӣ яке аз шоирони бузурги муосири форсизабон аст. Дар Кобул таҳсил карда, муддате устоди донишгоҳ будааст. Баъдан дар радиои Афғонистон фаъолият дошт. Оғози шуҳрати шоирӣ ёфтанаш ба давроне рост омад, ки кишвараш дар гирдоби воқеаҳои сиёсӣ фурӯ рафта буд. Чун Нозимӣ бо низоми коммунистӣ мухолифат дошт, зиндонӣ шуд. Пас аз озодӣ ба Олмон рафт ва дар он ҷо таҳти роҳбарии шарқшинос Манфред Лоренс рисолаи докторӣ дифоъ кард. Солҳо дар донишгоҳҳои Ҳамбург ва Фарнкфурт профессор буд. Ҳоло машғули кори эҷодист ва ба қавли мо тоҷикон, “давлати пирӣ” меронад.

Устод Латиф Нозимӣ рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз меҳмони Тоҷикистон буд. Бо эшон суҳбате доштем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.   

Ба Тоҷикистон алоқамандии хос дорам

– Имрӯзҳо дар Тоҷикистон чӣ ҳолу ҳавое доред?

– Феълан, банда дар Тоҷикистон меҳмон ва масруфи суҳбат кардану суҳбат шунидан ҳастам. Бояд бигӯям, ки банда алоқамандии хосе ба Тоҷикистон дорам ва инро дар ҳама суҳбатҳоям гуфтаам. Ин алоқа ношӣ аз муштаракоте аст, ки дар забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ва ғайра мо дорем. Ман доктори адабиёт ҳастам. Як нуктаро низ бояд ёдовар бишавам. Чанд сол қабл дӯстон ба ман пешниҳод карда буданд, ки як докторӣ аз Тоҷикистон низ бигирам. Банда он замон аллакай унвони докторӣ доштам. Вале бо вуҷуди ин, мавзӯъ гирифтам ва рисоларо навиштам, аммо барои дифоъ омада натавонистам ва ин кор амалӣ нашуд…

– Бори аввал кай ба Тоҷикистон омада будед?

– Дар даврони Ҳукумати Шуравӣ. Соли 1980-и мелодӣ ба таҷлили ҷашни ҳазорсолагии Ибни Сино даъват шуда будам. Ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ бахшида ба ин ҷашн аввал дар Маскав, баъдан дар Тошканд баргузор шуданд ва ахиран дар Душанбе ҷамъбаст гардиданд. Як моҷаро, ки дар он рӯзҳо иттифоқ афтод, ҳанӯз дар ёдам ҳаст. Тандиси Ибни Сино, ки дар Тошканд сохта буданд, боиси норозигии дӯстони тоҷик ва баҳсу мунозираҳои онон бо дӯстони ӯзбек шуд. Баҳс ба ҷое расид, ки ӯзбекҳо мегуфтанд, ки Сино аз Бухорову турк аст ва тоҷикон пойфишорӣ мекарданд, ки Сино ҷадди онҳост. Банда бо ҳазл, филбадеҳа як шеър навиштам ба ин мазмун, ки баҳси шумо бефоида аст, зеро Ибни Сино аз Балх аст. Дар фаҳмиши даврони Шуравӣ Балх як сарзамини “бегона” буд ва касе дарк накард, ки банда ба тоҷик будани Сино ишора доштам. Вале шеъри ман, ки оҳанги танз дошт, дӯстонро шод кард ва маҷрои баҳсро ба дигар тараф бурд.

– Он шеър ба ёдатон ҳаст?

– Не. Ин ҳама сол гузашт. Шояд даруни кадом дафтар бошад.

– Гуфтед, ки аз даврони Шуравӣ ба Тоҷикистон равуо доред. Аз шуарои тоҷик киҳоро мешинохтед?

– Бисёриҳоро албатта мешиносам. Иртиботи бисёр зиёд бо равоншод Муъминшои Қаноат доштам. Дар сафарҳои зиёде якҷоя будем. Бо Низом Қосим низ дар бисёр сафарҳо ҳамроҳ будем ва ӯ низ аз дӯстони банда аст. Яке аз шоирони хуби шумо ба наҳве шогирди ман буд – Искандари Хатлонӣ. Мо дар Кобул дӯст шуда будем ва ба хонаи ман равуо дошт. Вақте фаҳмидам, ки кушта шуда, бисёр ғамгин шудам. Бо зиндаёд Лоиқ, худобиёмурз Муҳаммадалии Аҷамӣ дӯст будам, ки афсӯс, аз олам даргузаштанд…

Маънии нав дар қофияи дирӯзӣ

– Мехоҳам дар бораи шеъри муосири тоҷик назари шуморо бидонам. Оё ба эҷодиёти адибони мо ошноӣ доред?

– Бале. Аз устод Айнӣ ба баъд бо эҷодиёти ҳама шоирони тоҷик ошноӣ дорам. Вале ин ошноӣ сарсарӣ аст, чун расмулхати сириликро намедонам. Вале шеърҳое, ки ба форсӣ чоп шудаанд, ағлабро хондаам. Масалан, бо ашъори Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор, Аҷамӣ, Сиёвуш, Фарзона, Аскар Ҳаким, Низом Қосим ва чанд нафари дигар ошноии хубе дорам ва инҳо ба назари ман шоирони тавоно ҳастанд.

– Шеъри тоҷик аз шеъри Эрону Афғонистон чӣ фарқият дорад? Ҳамчунин аз монандиҳову муштаракот бигӯед.

– Аввалан аз назари мазмун фарқ мекунад. Иллаташ ин аст, ки тоҷикон 70 сол дар зери шароити хосе зистанд. Иҷоза надоштанд, ки Наврӯзро таҷлил кунанд ё аз ҳувияти хеш озодона бигӯянд. Бинобар ин, дар шеъри муосири тоҷик як навъ ормонгароӣ ва ҳасрат барои ҳувияти миллӣ эҳсос мешавад. Мисли одамоне, ки аз банд озод шудаанд. Воқеан шумо дар банд будед, дар замони Шуравӣ. Ин албатта, назари шахсии ман аст. Ман он замон ҳам дар ин ҷо будам ва аз пешрафтҳои зиёди Тоҷикистон дар он рӯзҳо огоҳам. Вале адабиёт дар ҳавзаи хосе рушд мекард ва барои ҳифз ва тарғиби ҳувияти фарҳангӣ русҳо иҷоза намедоданд. Беҳтараш бигӯям, Шуравӣ иҷоза намедод. Чун намехоҳам русҳоро гунаҳгор кунам. Банда ба Русия як навъ иртиботи хос дорам. Аввалин шоире аз сарзамини худ ҳастам, ки соҳиби Медоли тилоии Пушкин шудаам. Ду китобам дар он ҷо тарҷума ва чоп шудааст. Забони русӣ намедонам, аммо дӯстони зиёде дорам ва зиёд ба Русия сафар кардаам. Як замон мегуфтанд, ки тамоми роҳҳо аз Рум мегузарад ва солҳое, ки Ҳизби демократи халқ дар Афғонистон ҳукмрон буд, ҳама роҳҳо аз Маскав мегузашт. Мо агар мехостем ба Деҳлӣ биравем, тариқи Маскав мерафтем…

– Имрӯзҳо дар адабиёти муосири Эрон шеъри нав маъмул мешавад. Дар кишвари мо ҳам шоирон ба сурудани шеъри сафед оғоз карданд, вале он зиёд истиқбол нашуд. Шумо яке аз саромадони шеъри нав дар Афғонистон ҳастед ва дар бораи ҷараёнҳои нави шеър зиёд нақд ҳам навиштаед. Ин равандро дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

– Бо шумо мувофиқам. Бо камоли маъзарат аз тамоми шоирони Тоҷикистон, ки бо аксар дӯст, ҳамсафар ва ҳампиёла будему ҳастем, чун суол додед, банда кӯшиш мекунам холисона суҳбат кунам. Дар кишвари мо ҳам шеъри нав зуд ворид нашуд ва масири тӯлониро тай кард. Ман аз ҷумлаи касоне ё аввалин касе ҳастам, ки ба гуфтани ғазали нав шуруъ кардам. Агар фаъолияти эҷодии банда аз соли 1964 оғоз шуда бошад, ба шеъри нав дар даҳаи 80 оғоз кардем. То ин вақт мо ғазали нав надоштем. Шумо ҳам имрӯзҳо чунин марҳаларо пушти сар мекунед. Шеъри тоҷик як даврони рукуди модернизмро ба сар мебарад. Дар ҳамин чанд рӯз, ки дар Душанбе будем, шеър зиёд шунидам, тамоми шеърҳое, ки шунидам, хуб буданд, вале модерн набуданд. Муҳим нест, ки шеър ғазал бошад ё шеъри сафед ва ё дубайтӣ. Муҳим он аст, ки модерн бошад.

– Аз ин гуфтаи шумо дарк мекунам, ки қолаб он қадар муҳим нест, балки маънӣ муҳим аст. Дуруст дарк кардам?

– Бале. Бубинед, дар таърифи шеър, ки аз замони Арасту то ба имрӯз бисёр тағйир карда, як нукта то имрӯз бетағйир боқӣ мондааст,  андешаи манзум ва ҳамоҳанг будани шеър. Аз ин лиҳоз андеша дар шеър ҷавҳари асосӣ аст. Аз назари андеша шеъри тоҷик ақиб намонда, балки мавзуҳо ва маъниҳои нав зиёд дорад ва пешрафт низ, балки аз назари форм модерн нашуда. Шумо шоироне доред, ки шеъри модерн доранд, вале ин ба унвони ҷараён нест. Шоирон маро бубахшанд, зеро ман дар мавриди шеъри кишвари худам ҳам сахтгир ҳастам. Вақте форм мегӯям, қолибро дар назар надорам. Форм, яъне шумо чӣ навъ ба андешаи худ шакл медиҳед. Шумо ҳам дар ҷаласае, ки имрӯз якҷоя иштирок кардем, як шеъри Мижгони Соғарро шунидед, ки комилан модерн буд, гарчанде бо қофияҳои дирӯзӣ.

Гуфта буд:

Дар ман ҳазор чилчила зиндонист.

Мумкин аст, нафаре мегуфт, ки овози маро гирифтаанд, маро хафа кардаанд, вале Мижгон андешаро ба шакли модерн баён кардааст.

Нигаронӣ аз шеъри омиёна

– Ин ҷараён дар шеъри муосири Афғонистон чӣ гуна аст?

– Ман боре гуфта будам, ки дар мавриди ояндаи шеъри Афғонистон ҳам умедворӣ дорам, ҳам нигаронӣ. Умедворӣ ин аст, ки насли имрӯз тавониста садои замони худ бошад. Бо вуҷуди монеаҳое, ки имрӯз дар кишвар аст, шоирон фаъоланд ва садояшонро тариқи ашъорашон мегӯянд ва онро дар интернет нашр мекунанд. Вале нигарониам он аст, ки имрӯз ҳар касе пул дорад, китоби шеър нашр мекунад. Қаблан мо шеърамонро ба рӯзнома медодем, агар ба талабот ҷавбгӯ набуд, чоп намешуд. Вале ҳозир касе маблағ дорад, китоб чоп мекунад. Нимо гуфта буд, ки шеърро бо лаҳни гуфтор наздик кунед, вале нагуфта буд, ки омиёна кунед. Баъзе аз шоирони мо шеъри бозору кӯча месароянд. Махсусан, дар берун аз Афғонистон ин кор афзоиш ёфтааст. Вале ба ҳар ҳол дар мавриди шеъри муосири Афғонистон хушбин ҳастам.

– Кадом шоирони Афғонистонро метавонед ном баред?

– Душвор аст. Зеро ман дар як ҳолат як шеърро дӯст медорам, дар ҳолати дигар шеъри дигарро. Бинобар ин, ду-се номро гирам, беинсофист. Гоҳо як шеърро аз шоири гумном мехонам, ки меларзам. Мо як шоир дорем ба номи Лайлии Ғазал, ки ғазали нав мегӯяд. Мижгон Соғар, Тониё Окифӣ, Ризо Муҳаммадӣ ва монанди инҳо кам нестанд. Шоире дорем ба номи Маҳтоби Соҳил, ки шоири хуб аст.

Мегӯяд:

Як истакон шароб аз он рӯйи раф бидеҳ,

Як бӯса аз даҳони худ ай нохалаф бидеҳ.

Як даст шав канори танам сабзу муътадил,

Харгӯшҳои пираҳанамро алаф бидеҳ.

Ҳамкорӣ бо Аҳмад Зоҳир

– Яке аз шеърҳои шумо – “Шабе пурсидамаш аз беқарорӣ”-ро Аҳмад Зоҳир месарояд. Дар Тоҷикистон мухлисони Аҳмад Зоҳир зиёданд. Аз таърихи ин суруд бигӯед.

– Танҳо ин дубайтӣ нест, ки Аҳмад Зоҳир аз ман мехонад. Сурудҳои дигаре ҳам барои ӯ сохтаам. Ман фаъолиятамро аз радио оғоз кардам, дар шуъбаи ҳунар ва адабиёт кор мекардам. Дар он ҷо бо ҳунармандони мухталиф робита доштам ва бисёриҳо сурудаҳои маро хондаанд, аз ҷумла Ношинос, Аҳмад Валӣ, хонум Ҷило ва дигарон. Дар мавриди ин суруд. Ба сурати иттифоқӣ Аҳмад Зоҳир аз ман хост, ки барои як оҳангаш дубайтӣ нависам. Ду дубайтӣ додам, ки якеро интихоб карду хонд.

– Яъне бо Аҳмад Зоҳир ошноии наздик доштед?

– Бале. Вақте дар радио кор мекардам, Аҳмад Зоҳир ором-ором шуҳрат пайдо мекард ва бо радио омадурафт дошт. Аз ҳамон замон бо ҳам ошнои наздик шудем. Як рӯз омаду гуфт, ки барои ду оҳанг мехоҳам тарона дошта бошам. Оҳангҳоро навохт. Ман сурудашро сохтам. Бори дигар дар пионо оҳангеро навохт, филбадеҳа матни онро навиштам. Дар интихоби шеърҳо ҳам ба Аҳмад Зоҳир кумак мекардам. “Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид” – шеъри Муинии Кирмоншоҳиро ман барояш интихоб кардам.

Нигаронӣ ва умедворӣ

– Бо шоироне, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, иртибот доред?

– Иртиботи бевосита кам дорам. Шеърҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд. Мехонам. Аз ҷараёни адабӣ огоҳам.  

– Чанд сол шуд, ки ба Афғонистон нарафтаед?

– Аз соли 2017 ба ин ҷониб нарафтаам. Дар даврони ҷумҳурият зиёд равуо мекардам. Ҳатто як давра барои зиндагӣ рафта будам ва устоди донишгоҳ будам…

– Дур аз Афғонистон дар бораи кишвари худ фикр мекунед?

– Албатта. Нигаронӣ зиёд дорем. Кишвари мо дар чанги касоне афтода, ки ақибмондатарин афроди таърих ҳастанд ва инро ман дар шеърҳоям, дар суханрониҳоям таъкид кардаам. Умедвории ман ин аст, ки кишвари ман озод шавад ва шукуфо гардад. Масалан Наврӯз пас аз дуюним ҳазор сол дар банд аст. Забони форсӣ мавриди таҳоҷум қарор дорад. Бинобар ин, мо дар вазъияте ҳастем, ки ҳам равшанфикрони чап ва ҳам рост, ҳама нигарон ҳастанд. Фақат касоне, ки аз Ислом бардошти нодуруст доранд, розӣ ҳастанд.

– Ҳоло дар Олмон машғули чӣ коред?

– Дар донишгоҳи Ҳомбулт аз забони форсӣ дарс медодам, баъдан ба Франкфурт кӯчидам ва дар ин ҷо ҳам дарс мегуфтам. Дар радиои “Садои Олмон” ҳамкорӣ доштам. Ҳоло бознишастаам. Як созмон таъсис додаам бо номи “Хонаи Мавлоно”. Он ҷо алоқамандони шеър ҳар моҳ ҷамъ мешаванд, ҳамоиш баргузор мекунем. Соле як-ду китоб нашр мекунем.

Мусоҳиб: Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *