12500 сомонӣ пора барои ҷудо кардани қитъаи замин

Дар ноҳияи Хуросон раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи мазкури вилояти Хатлон Насриддинзода Муқимро бо гирифтани 12500 сомонӣ пора дастгир ва парвандаи ҷиноӣ оғоз намудаанд.

Дар ноҳияи Хуросон раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи мазкури вилояти Хатлон Насриддинзода Муқимро бо гирифтани 12500 сомонӣ пора дастгир ва парвандаи ҷиноӣ оғоз намудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре манбаъ зикр менамояд, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Насриддинзода Муқим Теша, тахминан аввалҳои моҳи марти соли 2019 тавассути миёнарав — шаҳрванд Табаров Наврузбек Имомудинович аз шаҳрванд “А” барои аз ҳудуди заминҳои деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сифати пора 12500 сомонӣ талаб намудааст.

“Насриддинзода С.А. дар давоми моҳи марти соли 2019 ба воситаи миёнарав — Табаров Н.И. аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 600 доллари ИМА ва 500 сомонӣ ҳамчун пора гирифта, вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш барои ба охирин ҷудо карда додани 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ мусоидат намудааст”, — омадааст дар иттилоия.

Оиди ин ҳолат 19 апрели соли 2019 нисбати Насриддинзода М.Т. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Табаров Н.И. бо моддаҳои 36 қисми 5 — 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ миёнарав — Табарова Н.И. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани боқимонда маблаги 6000 сомонӣ дастгир гардида, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуданд, меафзояд манбаъ.

Айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони болозикр идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *